Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Калиди чунин банд бояд фиреб,
Набояд бар ин кор кардан ниҳеб,

Ба кирдори бозоргонон шудан,
Шикебо фаровон ба Тӯрон шудан,

Бад-он кор бояд кашидан инон,
На ҳангоми гурз асту теғу синон.

Фаровон гуҳар бояду зарру сим,
Ба рафтан ба уммеду будан ба бим.

Зи густурданӣ, ҳам зи пӯшиданӣ
Бибояд баҳоиву бахшиданӣ».²

Чу бишнид Хусрав зи Рустам сухан,
Бифармуд, к-аз ганҷҳои куҳан

Биорад бари шоҳ ганҷури ӯй
Зи ганҷ, он чи фармуд дастури ӯй.

Сари бадра бикшуд ганҷури шоҳ,
Ба динору гавҳар биорост гоҳ.

Таҳамтан биомад, ҳама бингарид,
Ҳар он ч-аш бибоист, аз он баргузид,

Аз он даҳ шутур бор динор кард,
Сад уштур зи рахту буна бор кард.

Бифармуд Рустам ба солори бор,
Ки «Бигзин зи лашкар саворон ҳазор,

Зи шерони гарданкаши номвар
Бибояд тане чанд бастакамар

Чу Гургину чун Зангаи Шоварон,
Дигар Густаҳам – шоҳи ҷанговарон,

Чаҳорум Гуроза, ки ронад сипоҳ,
Нигаҳбони гурдону тахту кулоҳ,

Чу Руҳҳому Фарҳод гурди далер,
Чу Ашкаш, ки ҳаст ӯ яли наррашер –

Ниҳеб – ҳайбат, тарсу бим.
Баҳоӣ – гаронбаҳо, арзанда.

пешина
аз 345
навбатӣ