Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу Рустам зи Кайхусрав эдун шунуд,
Заминро бибӯсиду барҷаст зуд,
Бар ӯ офарин кард, к-«Эй некном,
Чу хуршед ҳар ҷой густурда ком,
Зи ту дур бод озу хашму ниёз,
Дили бадсиголат – ба гурму гудоз!
Туӣ бар кайон шоҳу солору кай,
Кайони ҷаҳон мар-туро хоки пай,
Ки чун ту надидаст як шоҳ гоҳ,
На тобанда шеду на рахшанда моҳ.
Бадонро зи некон ту кардӣ ҷудо,
Ту бастӣ ба афсуну банд аждаҳо.
Маро модар аз баҳри ранҷи ту зод,
Ту бояд, ки бошӣ ба ором шод!
Манам гӯшдода ба фармони шоҳ,
Бад-он сӯ равам, к-ӯ намояд-м роҳ!
Бикандам дили деви Мозандарон
Ба фарри кайониву гурзи гарон,
Чунон, к-аз пайи Гев агар бар сарам
Ҳаво борад оташ, бад-ӯ нангарам!
Гар ояд ба мижгонам-андар синон,
Натобам зи фармони хусрав инон!
Барорам ба фарри ту ин коркард,
Сипаҳбуд нахоҳам, на мардони мард!»
Чу Рустам чунин гуфт, Гударзу Гев,
Фарибурзу Фарҳоду Шопури нев,
Бузургони лашкар бар ӯ офарин
Ҳаме хонданд аз ҷаҳонофарин.
Ба май даст бурданду мастон шуданд,
Зи ёди сипаҳбуд ба дастон шуданд.
Ба шодӣ ҳамехӯрд май шаҳриёр,
Кушода ба шодӣ дари навбаҳор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо