Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама тавқдору ҳама ҳуллапӯш,
Ҳама бо шаробу майу нойу нӯш.

Ҳама дил пур аз шодиву май ба даст,
Рухон арғувониву нобуда маст.

Ҳама рух чу дебои румӣ баранг,
Фурӯзанда уду хурӯшанда чанг.

Ба солори навбат бифармуд шоҳ,
Ки Гударзу Тӯсу гавонро бихоҳ,

Бифармуд, то Рустам омад ба тахт,
Нишаст аз бари гоҳ зери дарахт.

Ба Рустам чунин гуфт пас шаҳриёр,
Ки «Эй некпайванди беҳрӯзгор,

Зи ҳар бад туӣ пеши Эрон сипар,
Ҳамеша чу Симурғ густурда пар,

Чи дар шаҳри Эрон, чи пеши кайон,
Ҳама бар дари ранҷ бастӣ миён,

Шиносӣ ту кирдори гударзиён,
Таносониву ранҷу суду зиён,

Миён баста доранд пешам ба пой,
Ҳамеша ба некӣ маро раҳнамой.

Ба танҳо тани Гев аз анҷуман
Зи ҳар бад сипар буд дар пеши ман,

Чунин ғам бад-ин дуда н-омад ба низ,
Ғам аз баҳри фарзанд – бадтар чи чиз?!

Бад-ин кор агар ту набандӣ камар,
Набинам ба гетӣ дигар чорагар.

Кунун чораи кори Бежан биҷӯй,
Ки ӯро зи Тӯрон бад омад ба рӯй.

2
Зи аспу силеҳу зи мардону ганҷ
Бибар, ҳар чи бояд, мадор эч ранҷ!»

Ҳуллапӯш – пӯшандаи либоси нав.
Силеҳ – силоҳ.

пешина
аз 345
навбатӣ