Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дурафши дурафшон паси пушти ӯй,
Яке паҳлавӣ теғ дар мушти ӯй!»

2
Ғави дида бишнид Дастони Сом,
Бифармуд бар чарма кардан лагом,

Бизад аспу омад пазира ба роҳ,
Бад-он то набошад магар кинахоҳ,

Ба раҳ Гевро дид пажмурдарӯй,
Ҳаме омад осемаву пӯяпӯй,

Ба дил гуфт: «Кори нав омад ба шоҳ,
Ки Гев аст аз Эрон фириста ба роҳ.»³

Чу наздик шуд паҳлавону сипоҳ
Ниёишкунон баргирифтанд роҳ,

Бипурсид Дастон аз эрониён,
Зи шоҳу бузургону тӯрониён.

Дуруди бузургон ба Дастон бидод
Зи шоҳу зи гурдони фаррухнажод,

Ҳама дарди дил пеши Дастон бихонд,
Ғами пури гумбуда бо ӯ биронд.

Ҳаме гуфт: «Рӯям набинӣ ба ранг,
Зи хуни мижа пушти поям паланг!»

В-аз он пас нишони Таҳамтан бихост,
Бипурсиду гуфташ, ки «Рустам куҷост?»

Бад-ӯ гуфт: «Рустам зи нахчири гӯр
Дамодам биояд, ки баррафт ҳур«.⁴,⁵

«Шавам, – гуфт, – то ман бибинам-ш рӯй,
Зи Хусрав яке нома дорам бад-ӯй».

Чунин гуфт Дастон, к-«Аз эдар марав,
Ки зуд ояд аз дашти нахчир Гав.

Ту, то Рустам ояд, ба хона бипой,
Як имрӯз бо мо ба шодӣ гирой!»

1
Дурафш – дирафш, парчам, байрақ.
2
Ғав – наъра.
3
Фириста – фиристода, чопар, сафир.
Дамодам – ҳамин лаҳза, ҳамин замон.
Баррафт ҳур – офтоб нишаст.

пешина
аз 345
навбатӣ