Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ҳар сӯ, ки ҷӯям-ш, ёбам ба ҷой,
Ба ҳар неку бад пеши ман буд ба пой.

Чу ин номаи ман бихонӣ, мапой,
Сабук бошу бо Гев хез, эдар ой,

Бад-он, то бад-ин кор бо мо баҳам
Занӣ ройи фаррух ба ҳар бешу кам.

Бад-он то бад-ин кор мо чун кунем,
Ки ин хор аз пой берун кунем.

Ба фаррухпайӣ бар шуда номи ту,
Зи Тӯрон баромад ҳама коми ту.

Чунон чун бибояд, бисозӣ наво,
Магар Бежан аз банд гардад раҳо!»

БУРДАНИ ГЕВ НОМАИ КАЙХУСРАВ
БА НАЗДИ РУСТАМ

Чу бар нома бинҳод Хусрав нигин,
Ситад Геву бар шоҳ кард офарин

В-аз он ҷо биомад, суи хона рафт,
Раҳи Систонро бисечид тафт.

Саворони дуда ҳама барнишонд,
Ба Яздон паноҳиду номаш бихонд.

Биёбон гирифту раҳи Ҳирманд,
Ҳамерафт пӯён ба сони наванд.

Чу нахчир аз он ҷо, ки бар доштӣ,
Дурӯза ба як рӯз бигзоштӣ,

Ба кӯҳу ба саҳро ниҳоданд рӯй,
Ҳаме шуд халидадилу роҳҷӯй,

Чу наздикии Зобулистон расид,
Зи хоки сияҳ бар гулистон расид,

Чу аз дидагаҳ дидабонаш бидид,
Суи Зобулистон фиғон баркашид,

Ки «Омад саворе суи Ҳирманд,
Саворон ба гирд-андараш низ чанд,

пешина
аз 345
навбатӣ