Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи Бежан надидам ба гетӣ нишон,
Ҷуз ин аспу зин аз пас–андар кашон.
Дилам шуд пуроташ зи тимори ӯй,
Ки чун буд бо гӯр пайкори ӯй.
Бимондам фаровон дар он марғзор,
Ҳамекардамаш ҳар суе хостор.
Аз он бозгаштам чунин ноумед,
Ки гӯри жиён буд Деви Сапед!»
Чу бишнид Гев ин сухан ҳушёр,
Бидонист, к-ӯро табоҳ аст кор,
Зи Гургин сухан сарбасар хира дид,
Ҳаме чашмаш аз рӯи ӯ тира дид,
Рухаш зард гашта ҳам аз бими шоҳ,
Танаш ларз-ларзону дил пургуноҳ.
Чу фарзандро Гев гумбуда ёфт,
Суханро бад-он гуна олуда ёфт,
Бибурд Аҳриман Гевро дил зи роҳ,
Ки гардонад ӯро ба раҳ-бар табоҳ.
Бихоҳад аз ӯ кини пури гузин
Ва гарчанд нанг ояд ӯро аз ин.
Пас андеша кард, андар он бингарид,
Наомад ҳаме равшаноӣ падид.
«Чи бошад маро, – гуфт, – аз ин куштано,
Магар коми бадгавҳар Аҳримано?
Ба Бежан чи суд ояд аз ҷони ӯй?
Дигаргуна созем дармони ӯй!
Аз ӯ кин кашидан басе кор нест,
Синони маро пеш девор нест.
Бибошем, бо ин сухан назди шоҳ
Шавад ошкоро зи Гургин гуноҳ.
Ба Гургин яке бонг барзад баланд,
Ки «Эй бадкуниш, римани пургазанд!
Ту бурдӣ зи раҳ меҳру моҳи маро,
Гузини саворону шоҳи маро,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо