Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яке беша дидем, карда чу даст,
Дарахтон бурида, чарогоҳ паст,

Ҳама ҷой гашта куноми гуроз,
Ҳама шаҳр монда аз ӯ дар гудоз.

Чу дар ҷанг найза барафроштем,
Ба беша-дарун наъра бардоштем,

Гуроз андаромад ба кирдори кӯҳ,
На як-як, ки ҳар ҷой гашта гурӯҳ.

Бикардем ҷанге ба кирдори шер,
Бишуд рӯзу н-омад дил аз ҷанг сер,

Чу пилон ба ҳам барфикандемашон,
Ба мисмор дандон бикандемашон

В-аз он ҷо ба Эрон ниҳодем рӯй,
Ҳама роҳ шодону нахчирҷӯй,

Баромад яке гӯр аз он марғзор,
К-аз он хубтар кас набинад нигор,

Ба кирдори гулгуни Гударз мӯй,
Чу хинги шабоҳанги Фарҳод рӯй,

Чу симурғ болу чу пӯлод сум,
Чу шабранги Бежан сару гӯшу дум,

Ба гардан чу шеру ба рафтан чу бод,
Ту гуфтӣ, ки аз Рахш дорад нажод.

Бари Бежан омад чу пиле баланд,
Бар сар-ш-андар афканд Бежан каманд,

Фикандан ҳамон буду бурдан ҳамон,
Давон гӯру Бежан пас-андар дамон.

Зи тозидани гӯру гарди савор
Баромад ҳаме дуд аз он марғзор.

Ба кирдори дарё замин бардамид,
Камандафкану гӯр шуд нопадид.

Пай-андар гирифтам ҳама дашту кӯҳ,
Ки аз тохтан шуд самандам сутӯҳ,

Чу даст – ҳамвор.

пешина
аз 345
навбатӣ