Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарахтони кишта, ки дорем ёд,
Ба дандон ба ду нима карданд шод.

Напояд ба дандонашон санги сахт,
Магармон ба як бор баргашт бахт?!»

Чу бишнид гуфтори фарёдхоҳ,
Ба дарди дил-андар бипечид шоҳ.

Бар эшон бибахшуд Хусрав бадард,
Ба гурдони гарданкаш овоз кард,

К-«Аз ин номдорону гурдони ман
Кӣ ҷӯяд ҳаме ном дар анҷуман,

Шавад сӯи он бешаи хукхӯрд
Ба номи бузургу ба нангу набард,

Бибуррад сари он гурозон ба теғ?
Надорам аз ӯ ганҷу гавҳар дареғ!»

Яке хони заррин бифармуд шоҳ,
Ки бинҳод ганҷур дар пешгоҳ,

Зи ҳар гуна гавҳар бад-ӯ рехтанд.
Ҳама як ба дигар баромехтанд,

Даҳ асп овариданд зарринлагом,
Ниҳода бар ӯ «Доғи Ковус» ном.

Ба дебои румӣ биоростанд,
Пас аз анҷуман номвар хостанд.

Чунин гуфт пас шаҳрёри замин,
Ки «Эй номдорони боофарин,

Кӣ донад яке ранҷи ман ранҷи хеш
В-аз он пас кунад ганҷи ман ганҷи хеш?»

Кас аз анҷуман ҳеч посух надод,
Магар Бежани Геви фаррухнажод

Ниҳод аз миёни гавон пеш пой,
Абар шоҳ кард офарини Худой,

Ки «Ҷуз ту мабинод айвони ту,
Ба гетӣ пароканда фармони ту!

пешина
аз 345
навбатӣ