Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бигуфт, он чи бишниду фармон гузид,
Ба пеш-андар овардашон, чун сазид.
Бирафтанд яксар ба наздики шоҳ
Ғиревону гирёну фарёдхоҳ,
Ба каш карда дасту заминро ба рӯй
Бирафтанд зорикунон пеши ӯй,
Ки «Эй шоҳи пирӯз, ҷовид зӣ,
Ки худ ҷовидон зиндагиро сазӣ,
Зи шаҳре ба дод омадастем дур,
Ки Эрон аз ин рӯю з-он рӯй Тӯр,
"
Куҷо хони Ирмон-ш хонанд ном,
Зи ирмониён назди Хусрав паём!
2
Анӯша бизӣ, шоҳ, то ҷовидон,
Ба ҳар кишваре дастрас бар бадон!
Ба ҳар ҳафт кишвар туӣ шаҳриёр,
Зи ҳар бад ту бошӣ ба ҳар шаҳр ёр!
Сари марзи Тӯрон дари шаҳри мост,
Ба як рӯз аз эшон ба мо-бар балост!
Суи шаҳри Эрон яке беша буд,
Ки моро бад-он беша андеша буд.
Чи моя бад-он – андарун киштзор
Дарахте баровар, ҳама мевадор,
Чарогоҳи мо буду бунёди мо,
Аё шоҳи Эрон, бидеҳ доди мо!
Гуроз омад акнун фузун аз шумор,
Гирифт он ҳама бешаву марғзор.
Ба дандон чу пилон, ба тан ҳамчу кӯҳ
В-аз эшон шуда шаҳри Ирмон сутӯҳ.
Ҳам аз чорпову ҳам аз киштманд
Аз эшон ба мо-бар чи моя газанд!
Сазидан – сазовор будан, арзидан.
Анӯша – шод, хушбахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё