Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба диж-дар яке тан набуд з-он гурӯҳ,
Чи кушта, чи аз захм гашта сутӯҳ.
Далерон ба ҳар гӯша биштофтанд,
Бикуштанд, мар-ҳар киро ёфтанд.
Таҳамтан яке хона аз хорасанг
Бароварда дид андар он ҷои танг,
Яке дар зи оҳан бар ӯ сохта,
Муҳандис бар он гуна пардохта.
Пас он гаҳ суи хона бигзорд пой.
Бизад гурзу бифканд дарро зи ҷой,
Яке гунбаде дид афрошта,
Ба динор сар то сар анбошта.
Фурӯ монд Рустам, чу з-он гуна дид,
Зи роҳи шигифтӣ лаб андаргазид,
Чунин гуфт бо номвар саркашон,
К-«Аз ин гуна ҳаргиз кӣ дорад нишон?
Ҳамоно ба кон-андарун зар намонд,
Ба дарё-дарун низ гавҳар намонд,
Ки эдун ҳамеша зар овардаанд,
Бад-ин ҷойгаҳ-дар бигустардаанд!»
ФИРӮЗИНОМА НАВИШТАНИ РУСТАМ БА ЗОЛ
Яке нома бинвишт назди падар
Зи кору зи кирдори худ сарбасар…
«Ба фармон расидам ба кӯҳи Сипанд,
Чи кӯҳе, ба сони сипеҳри баланд.
Ба поёни он куҳ фуруд омадам,
Ҳамон гаҳ зи меҳтар дуруд омадам.
Ба фармони меҳтар бароростам,
Баромад бар он сон, ки ман хостам,
Шаби тира бо номдорони ҷанг
Ба диж-дар якеро надодам диранг,
Сутӯҳ – бадҳол, дилтанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё