Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба бозӯ-ш-бар – аждаҳои далер,
Ба чанг-андараш – дода чанголи шер,

Ба зери каш-андар – гирифта синон,
Ба як даст – кӯполу дигар – инон,

Нишондандаш он гаҳ ба аспи саманд,
Ба гирд-андараш чокарон низ чанд

Ҳаюни таковар барангехтанд,
Ба фармонбарон-бар дирам рехтанд.

Мар-он сурати Рустами гурздор
Бибурданд наздики Соми савор,

Яке ҷашн карданд дар гулситон
Зи Кобулситон то ба Зобулситон…

Ба Рустам ҳаме дод даҳ доя шир,
Ки нерӯи мард асту сармоя шир.

Чу аз шир омад суи хӯрданӣ,
Шуд аз нону аз гӯшт парварданӣ.

Чу Рустам бипаймуд болои ҳашт,
Ба сони яке сарви озода гашт,

Чунон шуд, ки рахшон ситора шавад,
Ҷаҳон бар ситора назора шавад,

Ту гуфтӣ, ки Соми ял астӣ ба ҷой
Ба болову фарҳангу дидору рой.

ОМАДАНИ СОМ БА ДИДАНИ РУСТАМ

Чу огоҳӣ омад ба Соми далер,
Ки шуд пури Дастон ба кирдори шер,

Кас андар ҷаҳон кӯдаки норасид
Бад-ин шермардиву гурдӣ надид,

Биҷунбид мар-Сомро дил зи ҷой,
Ба дидори он кӯдак омад-ш рой.

Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд.

пешина
аз 345
навбатӣ