Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Эй паҳлавон,
Сари паҳлавонону пушти гавон,

Яке сахт паймон-т хоҳам нахуст,
1
Ки ларзон шавад з-ӯ бару буму руст,

Ки аз ту наояд ба ҷонам газанд,
На он кас, ки бар ман бувад арҷманд.

Маро коху айвони обод ҳаст,
Ҳамон ганҷу хешони бо зӯри даст.

Чу эмин шавам, ҳар чи гуфтӣ бигӯй,
Бигӯям, биҷӯям бад-ин обрӯй.

Нуҳуфта ҳама ганҷи Кобулситон
Бикӯшам, расонам ба Зобулситон.»

Гирифт он замон Сом дасташ ба даст,
Ҳамон аҳду савганду паймон бибаст.

Чу бишнид Синдухт савганди ӯ,
Ҳамон рост гуфтору пайванди ӯ,

Заминро бибӯсиду бар пой хост,
Бигуфт, он чи андар ниҳон буд, рост,

Ки «Ман хеши Заҳҳокам, эй паҳлавон,
Зани гурд Меҳроби равшанравон,

Ҳамон моми Рӯдобаи моҳрӯй,
Ки Дастон ҳаме ҷон фишонад бар ӯй.

Ҳама дудмон назди Яздони пок,
Шаби тира то баркашад рӯз чок,

Ҳама бар ту хонему Зол офарин,
Ҳамон бар ҷаҳондор шоҳи замин!

Кунун омадам, то ҳавои ту чист,
Ба Кобул туро душману дӯст кист?

Агар мо гунаҳкору бадгавҳарем,
Бад-ин подшоҳӣ на андархурем,

Ман, инак, ба пеши туам мустаманд,
Бикуш куштанӣ, бастаниро бибанд.

Руст – марзу бум, замин.

пешина
аз 345
навбатӣ