Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу бо паҳлавон кор барсохтанд,
Зи бегона хона бипардохтанд,
Чунин гуфт Синдухт бо паҳлавон:
«Сари паҳлавонону пушти гавон,
Бузургон зи ту дониш омӯхтанд,
Ба ту тирагетӣ барафрӯхтанд.
Ба муҳри ту шуд баста дасти бадӣ,
Ба гурзат кушода раҳи эзадӣ.
Гунаҳгор агар буд, Меҳроб буд,
Зи хуни дилаш мижжа пуроб буд.
Сари бегуноҳони Кобул чи кард,
Куҷо андаровард бояд ба гард?
Ҳама шаҳр зинда барои туанд,
Парастандаву хоки пои туанд.
Аз он тарс, к-ӯ ҳушу зӯр офарид,
Дурахшанда Ноҳиду Ҳур офарид,
Наояд чунин кораш аз ту писанд,
Миёнро ба хун рехтан-бар мабанд!
Худованди мову шумо худ якест,
Ба Яздонамон ҳеч пайкор нест.
Гузашта аз ӯ қиблаи мо бут аст,
Чи дар Чину Кобул, чи дар Ҳинду Баст.
Шуморо хурад оташи пурфурӯғ,
Ту донӣ, к-аз ин дар нагуфтам дурӯғ.»
Бад-ӯ Соми ял гуфт: «Бо ман бигӯй,
Ҳар он ч-ат бипурсам, баҳона маҷӯй.
Ту Меҳробро кеҳтарӣ ё ҳамол,
Мар-он духти ӯро куҷо дид Зол?
Ба рӯю ба мӯю ба хӯю хирад,
Ба ман гӯй, то бо кӣ андархурад?
Зи болову дидору фарҳанги ӯй,
Бар он сон, ки дидӣ, якояк бигӯй!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё