Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба симин ситом овариданд сӣ
Аз аспони тозиву аз порсӣ,
Або тавқи заррин парастанда шаст,
Яке ҷоми зар ҳар якеро ба даст.
Сад уштур – ҳама модаи сурхмӯй,
2
Сад астар – ҳама боркаш, роҳҷӯй,
Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор
Або ёраву тавқу бо гӯшвор,
Ба сони сипеҳре яке тахти зар,
Нишонда дар ӯ чанд гуна гуҳар,
3
Раши хусравӣ бист паҳнои ӯ,
Савори сарафроз болои ӯ
В-аз он жандапилони ҳиндӣ чаҳор
Ҳама ҷомаву фарш карданд бор.
Чу пардохт ганҷ, андаромад ба асп
Чу гурде ба кирдори Озаргушасп,
Яке тарги румӣ ба сар барниҳод,
Яке бора зер-андараш ҳамчу бод,
Биомад гурозон ба даргоҳи Сом,
На овоз доду на баргуфт ном.
ДИЛХУШӢ ДОДАНИ СОМ СИНДУХТРО
Ба корогаҳон гуфт, к-«Аз ногаҳон
Бигӯед бо паҳлавони ҷаҳон,
Ки омад фиристодаи кобулӣ
Ба назди сипаҳбуд яли зобулӣ.
Зи Меҳроби гурд оварида паём,
Ба назди сипаҳбуд, ҷаҳонгир Сом».
Биомад бари Соми ял пардадор,
Бигуфту бифармуд, то дод бор.
1
Симин ситом – афзори нуқрагӣ.
Астар – хачир.
Раш – дар ин ҷо ба маънии фосилаи байни ду дасти кушод, газ, қулоч.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё