Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

РАФТАНИ ЗОЛ БА РАСУЛӢ
НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Нависандаро пеш биншонданд,
Зи ҳар дар фаровон сухан ронданд.
Сари нома кард офарини Худой,
Куҷо буду бошад ҳамеша ба ҷой,
«Аз ӯй аст неку баду ҳасту нест,
Ҳама бандагонем, Эзад якест.
Ҳар он чиз, к-ӯ хост андар бувиш,
Бар он аст чархи равонро равиш.
Худованди Кайвону Хуршеду Моҳ,
Аз ӯ офарин бар Манучеҳршоҳ.
Ба разм-андарун заҳри тарёксӯз,
Ба базм-андарун хури гетифурӯз.
Гирояндагурзу кушояндашаҳр,
Зи шодӣ ба ҳар кас расонандабаҳр.
Кашанда дирафши Фаридун ба ҷанг,
Кушанда сарафроз ҷангипаланг.
1
Зи захми дабуси ту кӯҳи баланд
Шавад хоки наъли сарафшон саманд.
Ҳамон аз дили поку покизакеш,
Ба обишхур орӣ ҳаме гургу меш.
Яке бандаам ман, расида ба ҷой,
Ба дубора шаст-андар оварда пой.
Ҳаме гарди кофур гирад сарам,
Чунин дод Хуршеду Моҳ афсарам.
Бибастам миёни ялӣ бандавор,
Або ҷодувон сохтам корзор.
Инонпечу гурдафкану гурздор
Чу ман кас набинад ба гетӣ савор.
Бишуд об гурдони Мозандарон,
Чу ман даст бурдам ба гурзи гарон.
Дабус – гурз, амуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё