Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи ман гар набудӣ ба гетӣ нишон
Бароварда гардан зи гарданкашон,
Чунон аждаҳо, к-ӯ зи рӯди Кашаф
Бурун омаду кард гетӣ чу каф,
Замин шаҳр то шаҳр болои ӯ,
Ҳамон кӯҳ то кӯҳ паҳнои ӯ,
Ҷаҳонро аз ӯ буд дил пурҳарос,
Ҳаме доштандӣ шабу рӯз пос,
Ҳаво пок карда зи паррандагон,
Ҳамон рӯи гетӣ зи даррандагон,
Зи таффаш ҳаме парри каргас бисӯхт,
Замин зери заҳраш ҳаме барфурӯхт,
Наҳанги дижам баркашидӣ зи об,
Ҳамон аз ҳаво тезпаррон уқоб.
Замин гашт бе мардуму чорпой,
Ҷаҳоне мар-ӯро супурданд ҷой.
Чу дидам, ки андар ҷаҳон кас набуд,
Ки бо ӯ ҳаме даст ёрист суд,
Ба зӯри ҷаҳондор Яздони пок
Биафкандам аз дил ҳама тарсу бок,
Миёнро бибастам ба номи баланд,
Нишастам бар он пилпайкар саманд,
Ба зин-андарун гурзаи говсар,
Ба бозӯ камону ба гардан сипар,
Бирафтам ба сони наҳанги дижам,
Маро тез чангу варо тез дам.
Маро кард падруд ҳар кас, ки дид,
Ки бар аждаҳо гурз хоҳам кашид!
Расидам-ш, дидам чу кӯҳи баланд,
Кашон мӯи сар бар замин чун каманд,
Забонаш ба сони дарахте сиёҳ,
Зафар боз карда, фиканда ба роҳ.¹
Зафар – зафр, даҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё