Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба модар чунин гуфт, к-«Эй пурхирад,
Ҳаме меҳр ҷони маро бишкарад,

Маро модарам гар назодӣ зи бун,
Нарафтӣ зи ман нек ё бад сухун.

Сипаҳдор Дастон ба Кобул бимонд,
Чунин меҳри ӯям бар оташ нишонд.

Чунон танг шуд бар дилам-бар ҷаҳон.
Ки гирён шудам ошкору ниҳон.

Нахоҳам будан зинда бе рӯи ӯй,
Ҷаҳонам наарзад ба як мӯи ӯй!

Бидон, к-ӯ маро диду бо ман нишаст,
Ба паймон гирифтем дасташ ба даст,

Ҷуз аз диданӣ чизи дигар нарафт,
Маро меҳри он ял худ оташ битафт!

Фиристода шуд назди Соми бузург,
Фиристод посух ба Золи сутург,

Замоне бипечиду ранҷур буд,
Суханҳои боиста гуфту шунуд,

Фиристодаро дод бисёр чиз,
Шунидам ҳама посухи Сом низ,

Ба дасти ҳамин зан, ки кандӣ-ш мӯй,
Задӣ бар замину кашидӣ ба рӯй,

Фиристодаорандаи нома буд,
Ҳамон посухи нома ин ҷома буд!»

Фурӯ монд Синдухт аз ин гуфтугӯй,
Писанд омадаш Золро ҷуфти ӯй,

Чунин дод посух, ки «Ин хурд нест,
Чу Дастон зи пурмоягон гурд нест,

Бузург асту пури ҷаҳонпаҳлавон,
Ҳамаш ному ҳам ройу равшан равон,

Ҳунарҳо ҳама ҳасту оҳу яке,
Ки гардад ҳунар пеши ӯ андаке,

Шавад шоҳи Эрон бад-ин хашмнок,
Зи Кобул барорад ба хуршед хок,

пешина
аз 345
навбатӣ