Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Барошуфту гесӯи ӯро ба даст
Гирифту ба рӯй-андар афканд паст.
Ба хашм-андарун шуд, аз он зан ғамӣ,
Ба хорӣ кашидаш ба рӯи замӣ.¹
Биафканд ӯро, ҳам он ҷо бибаст,
Ҳамекӯфт пою ҳамезад ба даст
В-аз он ҷо ба кох-андаромад дижам,
Ҳамебуд бо дарду андӯҳу ғам,
Дари кох бар хештан-бар бибаст,
Аз андешагон шуд ба кирдори маст,
Бифармуд, то духтараш рафт пеш,
Ҳаме даст барзад ба рухсори хеш,
Ду гулро ба ду наргиси обдор
Ҳаме шуст, то шуд гулон тобдор,
Ба Рӯдоба гуфт: «Эй гаронмоя моҳ,
Чаро баргузидӣ ту бар гоҳ чоҳ?
Чи монд аз накӯ доштан дар ҷаҳон,
Ки нанмудамат ошкору ниҳон?
Ситамгар чаро гаштӣ, эй моҳрӯй,
Ҳама розҳо пеши модар бигӯй,
Ки ин зан зи пеши кӣ ояд ҳаме,
Ба наздат зи баҳри чӣ ояд ҳаме?
Сухан бар чи сон асту ин мард кист,
Ки зебои сарбанду ангуштарист?
Зи ганҷи бузург афсари тозиён
Ба мо монд бисёр суду зиён.
Бад-ин номи худ дод хоҳӣ ба бод,
Чу ман зодаам, духт ҳаргиз кӣ зод?»
Чу ин дид, Рӯдобаро дасту пой
Фурӯ монд аз шарми модар баҷой,
Фурӯ рехт аз дидагон оби меҳр,
Ба хуни ду наргис биорост чеҳр,
Замӣ – замин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё