Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Нахоҳад, ки аз тухми мо бар замин
Касе пои хеш андарорад ба зин!»
Раҳо кард занрову бинвохташ,
Чунон кард пайдо, ки нашнохташ,
Ба зан гуфт, к-«Эй зираки ҳушёр,
Чунон кун, ҳамеша лабат баста дор,
Мабодо лаби ту ба гуфтор чок,
Суханро ҳамин ҷо фурӯ кун ба хок!»
Чунон дид духтар-шро дар ниҳон,
Куҷо нашнавад панди кас дар ҷаҳон,
Биомад зи тимору гирён бихафт,¹
Ҳаме пӯст бар тан-ш, гуфтӣ, бикафт.²
ОГОҲ ШУДАНИ МЕҲРОБ
АЗ КОРИ ДУХТАРАШ
Биомад зи даргоҳ Меҳроб шод,
К-аз ӯ карда буд Зол бисёр ёд,
Гаронмоя Синдухтро хуфта дид,
Рухаш пажмурида, дил ошуфта дид,
Бипурсиду гуфташ: «Чи дидӣ, бигӯй,
Чаро пажмуридат ду гулбарги рӯй?»
Чунин дод посух ба Меҳроб боз,
Ки «Андеша андар дилам шуд дароз,
Аз ин ганҷи ободу ин хоста
В-аз ин тозиаспони ороста,
Аз ин кохи ободу ин бӯстон,
Аз ин комгорӣ дили дӯстон
В-аз ин ридакони сипаҳбудпараст
В-аз ин боғу ин хусравонӣ нишаст
В-аз ин чеҳраву сарви болойи мо
В-аз ин ному ин донишу ройи мо,
Бихафт – бихуфт.
Бикафт – кафид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё