Зеҳн
ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 31 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар болои чорраҳа
Светофор фурўзон,
Агар гузаштан хоҳӣ,
Роҳро медиҳад нишон.

Агар чароғи сурхаш,
Равшан шавад, шав ҳушёр:
Гузаштан аз мошинҳост,
Исто дар ҷоят қарор.

Чароғи зард даргирад,
Бояд шавӣ ту тайёр,
Назар бикун ба атроф,
Дигарҳо ҳам интизор.

Чароғи сабз дар гирад,
Гузар акнун ту даррав,
Сустӣ кунӣ, чароғҳо
Тағйир меёбанд аз нав.

ИЗО КАШИД
Дина тағоям аз шаҳр
Овард ба ман кабутар.
Кабўтари резинӣ,
Кабўтари бозингар.

Дар рўи кати айвон
Бозӣ мекардам бо он.
Гурбачаи ҳамсоя
Аз боғ омад дав-давон.
Бозичаро вақте дид,
Хез карда вайро қапид.
Аз ин сайди «муфт» аммо,
Гурбача изо кашид.

АРОЗ
Сайфуллои қаддароз, Мекунад доим ароз:
–Шавларо намехўрам, Самбўса дорад карам.
Безорам ман аз угро, Ба ман биёред шўрбо...
Ҳатто намехўрад он, Гўшти моҳии бирён.
Гурбае гашта пайдо Дуздида бурдаст онро.

пешина
аз 31
навбатӣ