Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– гӯён бо дидагони ашкбор баланд овоз баровард.
– Тағо?! – духтар чашм кушод, тағою хоҳарзода ҳамдигарро шинохтанд.
– Дар Шоҳмансур, дар ҷаноза будам.
– Шуморо ҳам хабар карданд? Мурда будааст?
– Ҳа, ҳамон замон, чунон ҷанозаи серодам, пурсӯзу гудоз шуд, ки ҳеҷ вақт ин хел нашуда буд. Очату холаҳоят рӯю мӯй меканданд, сангу чӯб ба гиря даромад, дар баландӣ, дар паҳлуи раҳматии бибиат гӯр кардем, худам ҷиянакам, ҷону ҷигарро дар хок мондам.
– Худатон дар гӯр мондед?
– Ҳа, бачам, ҷигарбандама худам дар гӯр мондам, сӯхтам, мурдам, холаат девона шуд. – Бобои Ӯзбакхоҷа боз чи гапҳое гуфту нагуфт, аммо дигар Лутфия намешунид, гӯшҳояш қулф заданд. Яқин, ки Фахрӣ мурда будааст, ӯро бурдаанд, ҷанозашро хонданд. Худи тағо вайро дар гӯр мондааст. Сӯхт, дилу ҷигараш бирён, дамаш ба дарун афтод, аз гап монд.
– Натарсед, эшонҷон, – кампири Санам бобои Ӯзбакхоҷаро аз эҳтиром ҳамин тавр ном мебурд, – вай гоҳ-гоҳ ҳамин хел мешавад, боз ба ҳуш мебиёяд, ҳазор раҳмат, эшонҷон, ки омадед, фарзанди худатон будааст, дилам қувват гирифт, дигар наметарсам, Исфандиёр хуб кардааст, ки вайро наҷот додааст, хуб кардааст, бачам.
Кампири Санам боз таъкид намуд, ки бобои Ӯзбакхоҷа алахон нашаванд, хонаашон раванд, дам гиранд, хоб кунанд.
Аммо бобои Ӯзбакхоҷаро хоб аз куҷо? Саросема аз ҷой бархост, дар ҳамон шабӣ боз рӯ ба роҳи Шоҳмансур овард.


– Тағо, тағоҷон, – Лутфия ба ҳуш омада тағояшро пурсид ва чун фаҳмид, ки рафтааст боз мисле ки бехудона ба сухан даромад. – Ҳамон гапи худам, шунидед Фахриро гӯр кардаанд, сари гӯраш меравам, омадам мегӯям, хоки гӯрашро ба сарам бод мекунам, худамро дар болои гӯраш мекушам, ҳамроҳаш мешавам.

пешина
аз 234
навбатӣ