Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Очаю бача ба бало мемонанд, пул дода дарди сар хариданд. Ба ҳамсояҳо хабар диҳад? Одамони дилпур нестанд, ба ҷои ғами онҳоро хӯрдан данг-данги гапро ба олам мебароранд. Худаш ҳам шаб саҳар шуда истодааст, дари кушода доранд, ягон кас омада монад-чӣ? Духтари бо ҷогаҳу ҷома хобидаро мебинад, ана, баъд гап ёбу гӯй, ки ӯ кист ва чӣ тавр дар хонаи онҳо пайдо шудааст?
– Бачам, Исфандиёр!
– Чӣ мегӯӣ, оча?
– Ту бачам, намедонӣ, ки асли ҳамин бобои Ӯзбакхоҷа аз куҷо, – ва худаш шарҳ дод: – вай ҳам омад, аз Шоҳмансур аст. Кадом солҳое кӯчида ба Сафедоби мо омадааст, ҳоло ҳам хешовандонаш омада мераванд. Биё, як кор кун, ба сари бобои Ӯзбакхоҷа дав. Аз ҳамин одам бисёр некӣ дидаем, агар надонем кӯру куҳрӣ мешавем, ҷондастгирамон аст, Худо нигаҳбонаш шавад. Рав, зорӣ кун, гӯй биояд.


Сархӯр бобои Ӯзбакхоҷаро дар хонааш наёфт, Шоҳмансур рафта будааст. Чашми кампири Санаму писараш ба роҳи ӯ.
Духтар бетоқатӣ дошт, мегуфт, ки илоҷи дигар надорад, роҳи ҷари Говкушро ба ӯ нишон диҳанд, ӯро ба он ҷо баранд. Дар забонаш номи Фахрӣ, ки чаро вай мурдаю Лутфия зинда. Ба дилаш алов ғалтида. Зорию тавалло, насиҳатҳои модари Сархӯр ба дардаш даво намегашт. Мисли девонае, ки ҳу гӯяду аз дару деворҳо берун равад. Дарро аз дарун занҷирпеч карданд. Умеди очаю бача ба бобои Ӯзбакхоҷа, ки ояду Лутфияро аз роҳ гардонад, ором созад ва шояд ӯро шиносад.
Ниҳоят бобои Ӯзбакхоҷа қарибиҳои ними шаб, ки ҳамон лаҳзаҳо аз Шоҳмансур баргашта будааст, омад.
– Чӣ гап? Чӣ воқеа рух додааст? – бобои Ӯзбакхоҷа бо хотири парешон аз дар даромад. Очаю бача ҷойгаҳи миёни хонаро, ки дар он духтар мехобид, нишон дода, қисса карданд.
Кампири Санам гириста-гириста гуфт, ки номи духтар Лутфия, аз Шоҳмансур, хонаашон дар пушти масҷид, падараш муаллим.
– Лутфия, аз Шоҳмансур, духтари муаллим, хонаашон дар пушти масҷид? – бобои Ӯзбакхоҷа бо ҳайрат лаби кӯрпаро аз рӯи духтар поёнтар кард ва – Лутфия, Лутфияҷон?

пешина
аз 234
навбатӣ