Ишқи сархӯр

– Ҳа, духтарам, барои ту қариб аз бачам мемондам. Лекин хуб шуд, ки ту зинда мондӣ, – модар ҳарфҳои писарашро тасдиқ намуд.
– Ту маро доштӣ? Ту маро наҷот додӣ? Чаро ин корро кардӣ? – Ба ҷои изҳори миннатдорӣ чеҳраи духтар ғазаболуд гашт.
– Ҳа, ман туро доштам, бо сад азоб, як бало карда доштам.
– Мо аҳд баста будем. Акнун ман зинда мондаму вай мурдааст, барои ман шуда мурдааст? Барои чӣ ин корро кардӣ? – Лутфия назди ошиқаш дар хиҷолат, ба хаёлаш, рӯсиёҳ. Акнун ӯ бо кадом рӯ, бо кадом забони дароз дар ин дунё зиндагӣ мекунад? Чӣ гуна ба рӯи холааш менигарад? Ба хаёли хола вай – Лутфия Фахриро ба лаби ҷар бурда куштааст. Дили духтар ба шӯр омада овоз баровард:
– Ту маро доштӣ, ки намирам? – такроран пурсид ӯ аз Сархӯр.
– Некӣ кардам, ҷонамро ба хатар монда туро наҷот додам.
– Некӣ не, ту маро хоки рӯи замин кардӣ, зиндамур шудам.
Ту бефаҳм, беақл, аҳду паймонро намедонӣ. Туро ба куҷоҳо барам, ки гӯям маро ҳамин одам аз Фахрӣ ҷудо кард, бо ин ҳам худамро сафед карда наметавонам, имрӯз бояд мурдаи ману Фахриро мебароварданд, ду тобут думи ба дум мешуд, мегуфтанд, ки тобути ошиқон, тобути Фахрию Лутфия. Ана, баъд Мӯниса медид, мефаҳмид, ки Фахрӣ киро дӯст медоштааст, барои кӣ мурдааст, ба кӣ забон медодаасту ба кӣ дилдода будааст. Месӯхт бевача, мемурд духтари вазир. – Ба ғазаб омада афсӯс мехӯрд, ки ин тавр нашуд, номурод гашт ошиқаш, як тобут, тобути танҳо Фахриро мебароранд, ки аз рӯи Лутфия мурда. Ба ҳамааш ин бача, ки модар номашро Исфандиёр гуфт, гунаҳкор, ҳамааш айби ӯ. Ба мақсад нарасид, халал расонданд.
– Ту, Исфандиёр, маро шарманда кардӣ, таги таънаю тавоза мемонам, намедонам бо ту чӣ кор кунам, кушам хабар намеёбам, ту гунаҳгор, ту! – гиламандӣ шунид Сархӯр. Лут-
1.Ба маънии ба ҷар афтодан фия ҳанӯз дар ҳамон фикре, ки акнун ба гӯристон як тобут, тобути Фахриро мебаранд, ба худ дар мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё