Ишқи сархӯр

Назар ба хона, ба гирду атроф, дар фикр шуд. Ӯ ба худ аст ё бехуд? Шояд фавтидааст, куртааш сафед, рӯймоли сар ҳам сафед, либосҳои сафед кафан. Ӯ мурда, мешунид, ки баъди марг рӯҳи одам зинда мемонад.
Рӯҳи вай зинда, саргардон, дар хонаи одамони бегона, камбизоат, камбағал. Аз афташ, кампиру ҷавон очаю бачаанд.
Чашмонаш мебинанд. Дасту пойҳояшро ёзонд. Лаби кӯрпаро аз болояш бардошт, як тараф кард, хестанӣ шуд, аммо натавонист, сараш аз худаш не, пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд, баъд надонист, ки ӯ зинда ё мурда, аз ҳуш рафт, чашмонаш пӯшида шуданд. Хайрият, аз миён андаке гузашту боз ба худ омад, дид, ки кампиру бача болои сараш. «Духтарам, духтарҷонакам, чашмакота кушо, ба ҳуш биё, ҷонам, ҷонакам, барои ту мемирам, садқаат мешавам», – овози кампирро мешунид.
Кампир одами зинда, ҷавон ҳам рӯ ба вай истода ҳарф мезанад. Пою дастҳо, тамоми узви баданаш мисле дар даҳони мор месӯхт, дард мекард. Вай намурда, зинда, «ман аввал!»
гуфта худро аз ҷар партофта буд, магар вай зинда монд?
Фахрӣ дар куҷо? Вай мурдаю Лутфия зинда? Агар ин тавр шуда, вай зинда будан намехоҳад. Ҳаргиз, як дам ҳам. Лаби ҷар меравад, худашро боз мепартояд. Агар ҳамин тавр накунад, зиндагӣ барояш ҳаром, қасам мехӯрад. Вай чӣ тавр ба ин хона афтодааст? Мепурсад, маълум мешавад.
– Бибӣ, ман дар хонаи шумоям? – Аввалин сухане, ки ба забони духтар омад.
– Ҳа, бачам, дар хонаи мо.
– Маро кӣ ин ҷо овард?
– Бачаам овард, туро бачаам Исфандиёр наҷот дод.
– Исфандиёр?! – суоломез ба рӯи Сархӯр назар андохт духтар. Ба хаёли Сархӯр, ки бовар накарда, ки вайро маҳз ӯ аз марг раҳондааст.
– Дар танаи ҷар ҳезум мезадам, туро доштам, худам қариб ҷар шудам12F, имкони зинда монданат набуд, – гуфт Сархӯр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё