Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар чӣ фикре буд, ки як ҷо ором истода наметавонист, нигоҳаш ба кӯҳи яктораи баланду гов. Роҳраваки танаи кӯҳро хӯрда карда болою поин медавид.
– Бобои Назар, – Сархӯр ба мӯйсафеди соҳиби гов рӯ овард. Ӯ хомӯш, ғарқи ғаму дарди худ гӯё ҳарфи Сархӯрро намешунид.
– Бобо, – ин дафъа овозашро баландтар кард.
– Чӣ мегӯӣ?!
– Говатонро фарорам?
– Чӣ гуфтӣ? – Бобо ҳайрон шуд.
– Говатонро фарорам?
– Аз ҳамон қуллаи кӯҳ?
– Ҳа, баромада метавонам.
Бобои Назар лаҳзае чӣ гуфтанашро надониста, хапу дам истод, баъд – Мурда намонӣ, ки боз як балои дигар ба сарам шавӣ? Дафъ шав, дар назарам натоб, рав, ҳамин ту намерасидӣ, рав, – гуфт. Бобои Назар як химчаи дароз гирифта, ба банди пойҳои урёни Сархӯр зада-зада ӯро аз кӯҳ поён хамонд.
Аммо намедонист, ки ҳамон рӯзҳои баҳор ҷои Сархӯру бачаҳои дигари деҳа аз пагоҳ то бегоҳ кӯҳ буд. Қуллаҳои баланду теғаҳои кӯҳро мебаромаданду мефаромаданд. Дарза-дарза чукрию торон, сиёҳалафу модил мечинданд.


Шаб торик мешуд, ҳарчанд зану фарзандони хурдсолаш аз
1
тафҳои5F ҷомаи бобои Назар гирифта мекашиданд, ки ба хона
баргарданд, кӯҳ ҷои истодан не, ба гапи онҳо намедаромад,
дилаш ба гову гӯсола. Зану кӯдаконаш намефаҳманд, ки ба
осонӣ соҳиби ин ду моли хундарсар нашудаанд. Ангури боғу
меваҳои ҳавлиро фурӯхта, ҳатто пулҳои тухми мурғҳояшонро
тин ба тин ғун намуданд. Нахӯрданд, напӯшиданд, шикамашонро қоқ андохтанд, гов хариданд, ба як қошуқ шираш
шукрона гуфтанд, дигар ба хонаи касе ширталбӣ намерафтанд, доранд, надоранд, дар бору бисоташон ҳамин як гови бо

1 Ба маънои лабҳои гӯсола доранд, умеди имрӯзу фардои бобо, ки намираду зояд, гӯсолаҳояшро мефурӯшанд.

пешина
аз 234
навбатӣ