Ишқи сархӯр

Мор ба як сӯрохии танаи чинор даромад. Аз афташ он ҳечааш2F буд, Сархӯр ба ҳечаи мор даст андохт, аз думаш кашида онро берун овард. Баъд думи мор дар даст гирди сараш онро тоб дода-тоб дода ба рӯи роҳи калон ҳаво дод, дар наздикии ман афтод мор, дар ҷоям шах шудам, ҷон аз дасту поям баромад, – аз дили мард ҳанӯз тарс нарафта буд, ки бо рангу рӯи кандагӣ дар ҷояш нишаст. Меҳмонҳо дар ҳайрат, дар фикр, ки Сархӯр чи бачае, ки ин қадар нотарс, далер. Мехостанд аз амалҳои ғайричашмдошт, далеронаи Сархӯр бештар шунаванд ва фаҳманд, ки чаро ӯро Сархӯр номидаанд.
Бача аз хурдӣ мешунид, ки вайро Сархӯр мегӯянд. Вагарна номи ӯ Исфандиёр. Номи нағз, ба бисёриҳо писанд. Модар ин номро ба ӯ гузоштааст. Ҳамин гуна номи дилнишину зебо дораду боз Сархӯр ба номи ӯ илова. Дар мактаб, дар хона, дар
2 ҳама ҷо ӯ Сархӯр. «Сархӯр, ба доска баро, Сархӯр, ҷуруқ3F шин, Сархӯр, имрӯз навбати пода рав!». Гӯё номи аслияш аз ёдҳо баромадааст, ки дар забони ҳама Сархӯр, Сархӯр… Одат кардааст. Лекин гоҳо дар фикр меафтад, фаҳмидан мехоҳад, ки чаро ба вай ин хел ном додаанд, ба чӣ ваҷҳ, барои чӣ? Аз модар бисёр пурсидааст, вале ҷавоби аниқ нашунидааст.
– Напурс, бачам, аламома тоза накун, – модар ғамгин мешавад.
– Чаро, оча? Ягон гап ҳаст?
– Ҳеҷ гап нест, бачам, кадоме дар кадом вақте туро Сархӯр гуфтааст, баъд ҳамин ном ба ту мондааст. Сархӯр гапи ганда нест, мон гуфтан гиранд, Худо тану ҷонат сиҳат бошад. Баъзе номҳо хосият надоранд, ба одам намефоранд. Ба Худо ҳазор шукр, ки ба ту форидааст. Аз рӯзе, ки туро Сархӯр гуфтем, сарат дарда надидааст, чақонаку паронак, назардаро, корбудкунак шудаӣ.
– Не, оча, сархӯр гапи ганда. Касе аз ман ранҷад, таъна мезанад, сархӯр мегӯяд.
1 Лона, хона
2 Ором – Номаъқул кардаанд, бачам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё