Ишқи сархӯр

– Кори убол нашудааст.
– Мефаҳмам, ҳазрати домулло, лекин ба вай худозадаи Барзу фаҳмонда намешавад-ку. Дина сари роҳаш гову гӯсолаҳоро тирборон кардааст.
– Вай худоношинос аст, вайро Худо мезанад, падар аз вай рӯ гардондааст.
– Мефаҳмам, ҳазрати домулло, медонам, лекин ба шумо хуб намешавад. Мегӯянд, ки муаллим хабар додааст.
– Хидиралӣ?
– Ҳа.
– Охир, вай ҳамин вақтҳо наздам омада сабақ мегирад, зеҳнаш тез.
– Ба Барзу гуфтааст, ки эшони Саидҷалолхон ҳукуматиҳоро ба хонааш овардааст, гӯсфанд куштааст. Боз дар хусуси Малика ҳам чанд гап гуфтааст.
– Худозада.
– Мекушам эшонро гуфтааст, қасам хӯрдааст, девонагӣ кардааст.
Эшони Саидҷалолхон аз дуродури ғуборолуд, аз ҷониби сангоб назар биканд…
– Дар бухорӣ алов кардед, Малика? – бо дили пурандӯҳ рӯ ба дари хона гашт.
– Ҳа, дада, чой дам кардем, биёед, дароед, хона гарм… – наздики тиреза, дар болои кӯрпача ҷой нишон дод Малика ба падар.
Қарибиҳои ними шаб ё аз шаб чанд пос гузашта буд, ки дари ҳавлии эшони Саидҷалолхонро бо қундоқи автомат чунон сахт-сахт кӯфтанд, ки ҳамсояҳо ҳам бо ваҳму ҳарос аз хоб бедор шуданд. Худи эшон ҳам ҷома болои китф партофта, миёни хона рост шуд ва ҷонҳавлӣ завҷа ва духтарашро аз ҷои хоб хезонд.
– Равед, пас-паси девор ба хонаи ҳамсоя гузаред, аз он ҷо ба чанд хонаю ҳавлии дур равед. Зуд, фурсат намонд, зуд. – Эшон онҳоро ба «нею мо намеравем», гуфтанашон нигоҳ накарда, аз дар берун баровард. Садои тақ-тақи дарвоза баланд ва боз ҳам баландтар шуд…
– Ҳозир, ман ҳозир, – эшон фурсати салла ба сар ниҳодан наёфта, таги тоқии шабпӯшаки сафед, дар бар ҳамон ҷомаи сиёҳ сӯи дарвоза давид, як табақаи онро боз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё