Ишқи сархӯр

Хабар мегирум, – Барзу автоматашро аз болои миз бардошта, аз тиреза чанд тир ба ҳаво андохт. Ҳамаи талабаҳо, муаллима талхакаф, дар ҷойҳояшон шах шуда буданд.
Хун аз рӯяшон парида. Ба худ намеомаданд хонандагон ва муаллима.
Деҳа гоҳ ба ихтиёри гурӯҳҳои силоҳбадаст мегузашт ва гоҳ ба қувваҳои ҳукуматӣ. Ба дасти кадоми онҳо, ки мефуромад деҳа, мардум дар азоб мемонданд. Аз уштур пурсидаанд: ба кӯтал баромадан осон, ё фуромадан? Ҷавоб гуфта: « Ба хок рӯи ҳар ду». Дар ҳамон рӯзҳо миёни аҳли деҳ ҳикояти латифамонанде маъмул буд: ҳар гуна гурӯҳе ба деҳа меомад, аввал ба масҷид медаромад. Онҳоро дар ин ҷо муаззини масҷид Сӯфигадо пешвоз мегирифт. Агар ҳукуматиҳо буданд, аз ӯ мепурсидаанд:
– Мо хубем ё гурӯҳҳои силоҳдор? Ва гурӯҳҳои силоҳбадаст низ ба ӯ ҳамин суолро медоданд. Сӯфигадо аввалҳо лаб фурӯ баста ҷавоб намедод. Аммо баъдҳо ба сарони гурӯҳҳои силоҳдору ҳукуматиҳо мегуфт:
– Бачаҳом, ҳам шумоҳо хубен, ҳам ҳукуматиҳо. Мо бадем, мо падарлаънатем, ки таги суму сапали шумоҳо хор шудем, азоб мебинем, ҷои гурез намеёбем.
Ҳамон рӯзҳо қувваҳои ҳукуматӣ ҳукмдори деҳа шуда буданд. Силоҳдорони Барзу аз деҳа рафтанд. Миёни ҳукуматиҳо ҳам на ҳама одамони неку хайрхоҳ буданд. Ба ҳар ҳол мисли силоҳдорони Барзу набуданд. Аҳли деҳ андаке нафаси озод кашида, мегуфтанд, ки ҳукумат ҳукумат аст. Қонун мегӯӣ, тартибот мехоҳӣ, талаб ҳам мекунӣ, забонатро намебанданд.
Хусусан муаллимону талабагони мактаб осудагӣ ҳис карданд.
Малика аз ҳамон рӯз сар карда рӯймолчаи сар, куртаи остиндарозро аз тан бадар кард. Духтарон ҳам дар дарс акнун рӯймол ба сар намегирифтанд, бо фармоиши муаллимаашон- Малика мисли пешина паси парта бо рӯи кушоду сари урён менишастанд. Ҳама гӯё озод, шод гашта буданд. Аммо танҳо ҳамсинфи онҳо духтари Усто Тағоймурод кайҳо боз бо дугонаҳояш набуд, ба мактаб намеомад. Ҳабибаи кони ҳусн, хушрӯйтарин духтари деҳаро ба норизоӣ ва якравию нолаю фиғонаш нигоҳ накарда, шаб аз назди падару модар силоҳдорони Барзу бурда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё