Ишқи сархӯр

– Кадоматон Макнуна? – пурсид милисае.
– Ман Макнуна.
– Макнунаш худутӣ? Пештар биё, худут ба мо даркорӣ, туро мекофтем, очаи Фахрӣ мешавӣ?
– Ҳа, ман модари Фахрӣ.
– Бачаатро ёфта медиҳӣ, пеш даро! – Милисаҳо дари мошинашонро кушода, занро ба дарун тела доданд. Мошин ба роҳ даромад, гардиши девори паси мактабро тоб хӯрд.
Меҳринисо ва шавҳарашу Шоҳпур ҳайрон монданд. «Чӣ гап?
Барои чӣ? Шояд ҷанҷоли Фахрию Лутфия рӯ задааст?».
Як ғами Меҳринисо сад ғам шуд, аммо ғами асосӣ боз ҳамон ғами духтараш. Куҷо шуда бошад? Ду шабу ду рӯз аст, ки вай дар роҳу рӯ, ба куҷоҳое, ки сар назад, ба балоҳо гирифтор гашт, шабашро бо умеди дидор бо духтараш дар сари санг, дар боғи сабилмондаи тағо рӯз кард, боз як шаб дар Сафедоб монд, Худо гирад сафедобияшро. Дар шабӣ тарсидаю ларзида ба роҳ баромаданд, ки ба даст наафтанд, дар ғами ҷони худашон. Ба кӯчаҳои маҳалла даромаданд, ҳама ҷо милисаборон, Макнунаро бурданд, нохушӣ, дилсиёҳӣ.
Ноумед ба таги дарвозаи ҳавлиашон расиданд, дарвозаро кушод. Хонаю дар бе духтараш хӯрандаи ҷон, тоқат накард, гӯё мурдаи духтараш Лутфияро ёфта оварда буданд, ки овоз андохт: «Балам, духтарам, вой духтарам!» Садои оҳу афғонаш оламро гирифт, дар миёни ҳавлӣ худашро заду рӯю мӯй канд. Дар ҳавлӣ одам борид, ҳаққу ҳамсояҳо омаданд, дар хаёле, ки мурдаи духтари Меҳринисоро овардаанд, аз сари дару деворҳо ба ҳавлӣ одам мехамид. Хонаҳо ҷум-ҷуми одам, модар гӯяндагӣ мекард: «Қаъмо, ҳамсояҳо, биёед, садқаатон мешавам, дар пеши пойҳоятон мемирам, биёед, тӯй кардам, Лутфияро ба шавҳар додам, орзу мешиканам, биёед!» Шавҳарашу писар пеши даҳони Меҳринисоро гирифтан хоста мегуфтанд, ки нияти бад накунад, вале модар хомӯш намегашт. Рӯю мӯй канда, дар рӯи ҳавлӣ «садр» мерафт. Дар ҳавлӣ шӯру ғавғо, қиёмат.
Дар ҳамин ҳол дарвоза кушода шуд. Кӣ аз дар даромад? Кӣ пайдо гашт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё