Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дигар илоҷ надошт. Навдаи як бедро дошта дарун-даруни об шуд, як азобе, навдаҳо дар даст аз як бед ба беди дигар мегузашт. Ними тан дар даруни об, хунук хӯрд, аз хунукӣ тамоми баданаш ба ларза даромад, дастонаш дар навдаҳо, навдаҳои бед беқувват, хам мезаданд, қарибе мешикастанд. Дар дастонаш мадор намемонд, панҷаҳояш карахт шуда месӯхтанд. Дарди ҷонгудоз. Бо хаёле, ки аз назди сагҳо гузаштааст, навдаи як беди баландро дошта аз даруни анҳор берун шуд. Аммо саҳв карда буд, аз сагҳо дур нашуда будааст, онҳо ӯро диданд, лошаро гузошта тарафаш лула доданд (давиданд). Акнун умедаш ба дарё, давид, пой ба лаби дарё мениҳод, ки сагҳо ба қадаш рост шуданд, лабҳои ҷомааш дар даҳони сагҳо монд. Ҷомаро аз тан бадар карду худро ба оғӯши дарё афканд. Ҷои тангно, қулоҷ ёзонда, бо пойҳо ғӯта зада наметавонист. Об мебурдаш, дарёе, ки ҳар рӯз аз он оббозӣ карда мегузашт. Лекин ҳоло нобуд мешавад. Ба бобо хабар расонда наметавонад... Лаҳзае пас Фирӯз ҳис намуд, ки ба паҳнои дарё расидааст. Ба танаш ҷон омад, худро ба ҷониби соҳил кашид, бархост, аз дарё баромад.
Баъд нафаҳмид, ки чӣ тавр паси дарвозаи боғи бобо расид.
Ҳар қадар зӯр заду тела дод, кушода нашуд, деворҳо баланд.
«Дарвозаро кушоед, бобо, ҳой бобо!» гуфта фарёд накард, дарвозаро бо санг ҳам тақ-тақ назад. Эҳтиёт, ки овозашро нашунаванд. Беҳолу бемадор дар паси дарвоза афтод.
Ҳамин тариқ, дар он шаби ваҳмовар ва торику тор Фирӯз ба бобо хабар расонид, хабаре, ки холаи Меҳринисоро боз як шабу рӯзи дигар аз роҳ мононд.


Дар даромадгоҳи маҳалла милисаҳо сӯи мошин давиданд, ба миёни роҳ баромаданд, ҳуштак кашиданд, байни худ мағал, овозҳо баланд. Мошинро гирд карда, бо қаҳру ғазаб дарҳои онро кушоданд, ҳамаро аз даруни мошин як-як ба берун бароварданд.
Дар дасти якеашон акс, нигоҳаш ба аксу ба Меҳринисо ва Макнуна, онҳо ба ҳам монанд, фарқ кардан душвор.

пешина
аз 234
навбатӣ