Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар ин ҷо ҳам ман хона дорам, ҷиян, ҳо ана, ҳамон боғ, боғи ман, – тағо аз ҷояш бархоста бо ангушт боғи сарсабзу зебои даруни дараро нишон дод. – Солҳост дар ин ҷо меҷунбам, боғ кардам, як кулба ҳам дорам, рафтем, – бобои Ӯзбакхоҷа пеш-пеш ба роҳ даромад. Дар поёнтари дара сангоб, онро гузаштанд, вориди боғи бесару бебаре шуданд, ки намедонистанд он аз куҷо то куҷо, то дуриҳои теппа боғ. Кулбаи гуфтаи тағо назардаро, гирдогирдаш пур аз гулҳои раёҳину садбарг. Аз баландӣ, аз зери сангҳои хорою кабудранг об мефаромад, ҷӯи об аз пеши кулба мегузашт. Дар лаби ҷӯй суфаи хурдакак, болои он чанд палоспора паҳн. Бо хоҳиши тағо ҳама рӯи суфа баромаданд. Поёнтар аз суфа ҷӯякҳои ток, токҳои ангурҳои ҷавз, ҳусайнӣ, тоифӣ, навдаҳояшон ранг гирифтаанд, ранги барг, баргҳои сабз, ки баъди борони якдамина ҷило ёфтаанд, аҷаб зебое.
– Шумоёнро ман ана, ба ҳамин ҷои дур, ба боғам овардам,
– бобои Ӯзбакхоҷа дар паҳлуи ҳамроҳон ҷой гирифт. – Ҷои гап ҳам ҳамин ҷо. Ин беақлие, ки бачаҳои шумо Фахрию Лутфия кардаанд, оқибаташ нохуш аст, бисёр нохуш. Ҳоло ҳам ба ҳафт пушти ҳамин бача, Исфандиёр, раҳмат гӯед, ки Лутфияро аз марг раҳонд вагарна ба сӯхтан пок намешудем.
Ҳоло ҳам ҷанҷол калон мешудагӣ барин. Ба миён Гулрез даромадааст, занаки берӯю риё, вай ҳамин тавр намегузорад, алов мемонад, бо Санами очаи Исфандиёр ҷанҷолашон кӯҳна, ғузнадор аст, акнун ба вай Худо додааст, куҳрӣ аз роҳ кордча ёфтааст. Ҳамаамон дар бало мемонем, пои ман ҳам ба ин ҷанҷол кашида мешавад, Қонун ҳаст, қонуни масъулияти падару модар, язнаам – муаллим ҳам таги гап мемонанд, ба но-
1 ми очаи Лутфияву Фахрӣ повистка26F мешавад. Худо гӯед, ки коратон ба милисахонаҳо наафтад, алҳазар, бисёр бераҳманд.
Ана, дар ҳамин рӯзҳо медонед чӣ гап шудааст, гапе, ки дар тамоми мамлакат ба ғазаб омадаанд. Воқеа ана, дар ҳамин милисахонаи ҷамоати мо рух додааст. Як ҷавонро чунон шат-

  1. Огоҳнома такорӣ кардаанд, ки аз ҷои даркориаш мондааст, якумр ӯ дигар ҷогаҳхоб намеёбад, барои ин ду милиса суд шудааст.
пешина
аз 234
навбатӣ