Ишқи сархӯр

Хешовандон ҳис намуданд, ки дили тағои онҳо пуралам, вале ба касе намегуфта аст, сабру таҳаммул мекардааст. Падари Лутфия мисле, ки аз дарди ӯ огоҳ, ба сухан омад:
– Тағо рост мегӯянд, баъзеи ҳамин гуна таомулҳо дарди ҷомеа ҳам шудаанд. Ҳамин гуна ҳарфҳои «шумо аз куҷо?» ё «куҷоӣ?»-ро мо дар донишгоҳ аз забони донишҷӯёну омӯзгорон ҳам мешунавем.
Ба лаби дарё гузаштанд, рӯ ба оби равон, болои сангҳо нишастанд. Бобо медонад, ки ин рӯд аввалҳо серобтар буд. Сар ба сангҳои соҳил мезад, дамиш мехӯрд, садояш ба дилҳо ларза меовард. Ӯзбакхоҷа ҳам он айём ҷавон буду ғурур дошт, дарёро писанд намекард, аз кӯпрук не, аз зери он, оббозӣ карда мегузашт. Аммо ҳоло ку он қудрату тавону ғайрат? Рӯ ба пирӣ овардааст. Баъзан дар фикр меафтад, имрӯзу фардояш монда, ба худ биояд, ҳушёр шавад, ки аз вай бадӣ намонад, банд меканаду гиреҳаш мемонад. Минбаъда сари ҳар гапу ҳарф боэҳтиёт будан мехоҳад. Дарё ҳам мисли бобо, монанди он солҳо нест, аз шаст гаштааст. Обаш кам, сол аз сол камтар мешавад. Мегӯянд, ки аз сарчашмааш хушк мешудааст, пиряхҳо нобуд мешудаанд. Ба фикри бобо ин гап ғалат, ин не, вай не, дарё пир шуда, солаш рафта. Ҳама чӣ дар дунё рӯ ба пириву нестӣ меоварда. Нишонаҳои пирӣ дар дарё аён, ором, обаш ҳам мисли дили пиронсолон, мисли дили худи бобо соф, беолоиш, оинасон, сангрезаҳои тагаш ва моҳичаҳо, ки таг-таги об худро ба ҳазор тараф мезананд, намоён, дурахшон.
Чашми бобои Ӯзбакхоҷа ва ҳамроҳон чанде ба оби дарё буд, ба мавҷҳо, ки гӯё об фикрҳои ноҷо ва дардовари онҳоро мерабуда бошад. Сипас, боз ба адиру теппаҳои сердарахт, ба сабзазорон, ба нурҳои офтоби бегоҳирӯзӣ, ки майли паси қуллаҳои кӯҳ хамидан дошт, назар дӯхтанд. Бобои Ӯзбакхоҷа дар ин миён чизеро фикркунон ба сухан даромад.
– Медонед ман шумоҳоро ба куҷо овардам?
– Намедонем, тағо, танҳо ҳаминро фаҳмидем, ки моро ба хонаатон бурдан нахостед, – Меҳринисо ҳанӯз ба ҳамон фикри худ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё