Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Медонам синнат аз сӣ мегузарад, майда нестӣ, зану фарзанд дорӣ. Фаҳмидӣ, ки ҳамин ҳоло чӣ кор кардӣ? Намедонам ту уболу савобро медонӣ ё не, ҳаволаат ба Худо, аммо сари маро ба замин задӣ, дар байни хосу ом шарманда шудам, дигар сар бардошта наметавонам, намедонам акнун бо кадом рӯ ба рӯи одамон менигарам.
– Мо, тағо, ноилоҷ мондем, намепурсед, ки ба сарамон чӣ бало омад. Ҳамаамонро маҳкам карданд, дасту пойҳоямонро баста ба мошин бор карда мебаранд, таҳ-таҳ суд шуда меравем, агар ҳамин ҳозир ба додамон нарасед, ҳамин хел мешавад. Илоҷи дигар намондааст, намози шуморо нигоҳ карда меистодам, шумо моро намеёфтед. Ҳоло ҳам вақт ҳаст, тағоҷон, ғами моро хӯред, роҳ гардед, тез давед.
– Бачам, бовар кун, пеши пойҳоямро дида наметавонам, шумоҳоро дар куҷо маҳкам карданд, кӣ маҳкам кард? Ҳамаашро саросема нашуда, гап зан, асабӣ нашав, бачам, гап зан.
– Моро тағоҷон, як зан дар ҳавлии холаи Санам маҳкам кард, дарвозаро ба рӯямон қулф андохт, дар даруни ҳавлӣ мондем, баромада наметавонем, худам як бало карда аз сари девор паридам. Вай зан Гулрез ном доштааст, ба сари милисаҳо рафт. Дар паси дарвоза се кӯдака қаровул монда рафтааст.
– Гулрез гуфтӣ?
– Ҳа, тағо, Гулрез.
– Ман вайро медонам, як умр оби ҳамин занакаро лой карда омадааст, кинагир, бесатр, беҳаё, то ҳол бо вай ҳамгап нашудаам, ҳазар мекунам, метарсам.
– Тағо, шумо як кор кунед кифоя, қулфи дарвозаро кушоед, ки мо аз ҳавлӣ бароем, баъд куҷо рафтанамонро медонем, мегурезем, илоҷи дигар надорем. Илтимос қулфро кушоед, ҷон тағоҷон, қулфро кушоед.
– Ман қулфро кушода наметавонам.
– Ягон касро гӯед.
– Киро ёбам? – Бобои Ӯзбакхоҷа дар фикр афтод, – ҳозирҳозир, – гуфта телефонашро аз бағал баровард.
– Фирӯз, бачам, ту дар куҷоӣ?
– Дар хона, – Шоҳпур ҳам шунид ҷавоби Фирӯзро.

пешина
аз 234
навбатӣ