Ишқи сархӯр

Намозхонҳо нороҳат шуданд. Тағо телефонашро хомӯш кард, аммо халос наёфт.
Муллоимом акнун ба минбар баромада аз рӯи коғаз ба хондани хутба сар мекард, ки ҳодисаи аҷибе ба вуқӯъ омад. Ягон бор ин хел нашуда буд, ки вақти хутба хондани домулло касе овоз баланд намояд, ё бо ӯ ҳамовоз шавад. Вале ҳамин хел шуд, шӯру шанг аз пои бобои Ӯзбакхоҷа, ҳамоне, ки обрӯяш дар олам, сӯфияш мехонданд, сӯфии поку худотарс. Аммо дар ин рӯзи ҷумъа чӣ балое шуда, ки аз пагоҳ ҳолаш ноҷӯр, ба номаш иснод меомадагӣ барин. Ҷиянаш беақлӣ карда вақти намоз «тағо! тағо!» – гӯён бо овози баланд ӯро садо дорад.
Ҳуши ҳама парешон, имою ишора мекарданд, ки Шоҳпур дам шавад, намози мардумро набурад, аз таги дар равад. Худи тағо ҳам ҳамин хел ишораҳо карда, аз қаҳру ғазаб дарун ба дарун месӯхт, намебинад тағо дар намоз, гап задан мумкин не, ҳаминро намефаҳмад. Аммо овози «тағо, тағо!» – гӯии Шоҳпур чунон баланд, ки дару девор, боми масҷидро гӯё ба ларза меовард. Ба замми ин, дар як маврид бо телефон дар гуфтугӯ.
– Оча, тағо мегӯям ҷавоб намедиҳад, намозхонҳо ҷанг доранд, оча.
– Гуфтам-ку номашро гирифта ҷеғ зан, бобои Ӯзбакхоҷа гӯй, пешаш рафта аз гиребонаш гир, баро гӯй.
– Бобои Ӯзбакхоҷа, ҳой бобои Ӯзбакхоҷа! – Шоҳпур аз дари масҷид дарун шуда, корро расво кард, номи тағоро ба замин зад, капааш дуд гирифт. Ҳама фаҳмиданд, ки ин одами беақлу тарбиятнодида, ҷияни бобои Ӯзбакхоҷаи сӯфии масҷид, ба ҳама маълум гашт. Вай расвойи ду ҷаҳон. Домуллоимом хондани хутбаро бас кард, коғази дасташро ба ҷояш гузошт.
– Бобои Ӯзбакхоҷа, ба шумо мегӯям, бароед, аз масҷид бароед, – бо қаҳр гуфт мулло.
Ӯ хиҷолатзада, мисли парандаи парканда, маҷрӯҳ, беҳолу бемадор, бо сари хам аз паси ҷиянаш Шоҳпур аз дарвозаи масҷид баромад.
– Ба чанд даромадӣ, бачам? – Аз Шоҳпур пурсон шуд тағо.
– Барои чӣ соламро мепурсед, тағо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё