Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Эй дили бикшодаи ман,
Олами озодаи ман.
Зиндагии пурбаҳори
Пеши кас бинҳодаи ман.

Ҳарф-ҳарф аз мо бигӯӣ,
Содаву зебо бигӯӣ.
Бо забони рӯдборон
Тозаву шево бигӯӣ.

Ту ҷавонӣ бо навад сол,
Ту бимониву равад сол.
Рӯ ба рӯи мо чу як дӯст
Ту нишиниву давад сол.

ФАСОНА

Зи рӯзи рафтанат
Ба рӯйи офтоби рӯзҳои бетуӣ
Нигаҳ накардаам.
Намондаам, ки дасти дигаре ба дил расад,
Ки нақши пойи туст дар дилам.

Зи рӯзи рафтанат
Ба рӯзҳои дигарам
Чу Мавлавӣ ҳикояту шикояти зиёд бурдаам.

Зи рӯзи рафтанат
Ба роҳи рафтаи ту мондаам,
Агарчи омадан ба рафтани ту нест.

Зи рӯзи рафтанат
Чу ранги сурх аз лаби ту рафт номи бостониям,
Чу охирин умед аз дили ту рафт ишқи достониям.
Дили ойинабанд

Зи рӯзи рафтанат
Ба рӯзи дигаре нарафтаам,
Чу ҳайкале ба зери он чанори пир мондаам.
Ҳамон муҳаббате, ки буд, ҳаст,
Вале ту нестӣ.
Ҳақиқати замони бо ту буданам
Фасонаи замони бе ту мондан аст.
Ҳақиқате, ки буд, нест,
Фасонае, ки ҳаст, бод...

РОЗИ ОХИРИН

Манам хуршед,
Аммо ончунон хуршед,
Ки бо рафтан намеоям.
Равам гар аз сари сабзат,
Маро субҳе намеорад чу дастовез.

Манам дарё, ки якроҳам,
Раҳи вопас намедонам.
Ба фардо меравам бо шӯр,
Ту ҳамчун соҳили хомӯш бо имрӯз мемонӣ.

Манам дунё,
Ки бо бигзаштани сад аср
Ҳам онам.

Манам оташ,
Ки гар хомӯш гардам,
Намеёбӣ ту андар чор сӯ хокистарамро ҳеҷ.

Манам ойинаи дастат,
Ки то бишкастанам ҳусну ҷавонии ту мемонад.
Манам шоир,
Ки шеъри охиринам
Охирин рози ту хоҳад буд…

пешина
аз 39
навбатӣ