Дили Ойинабанд

Бузургмеҳри Тоҷиддин
ДИДОР
Занг зад баъди маҳу соли зиёд,
Гуфт: - Назди коргоҳат омадам.
Ҳеҷ вақтатро намегирам, баро,
Баҳри як лаҳза нигоҳат омадам.
Зуд берун омадам аз коргоҳ,
То варо бинам, ки пазмонаш будам.
Буд ҷонони ман аз бахти каме,
Ман ҳам аз бахти каме ҷонаш будам.
Рӯ ба рӯяш омадам бо сӯзи дил,
То ба дасти хеш хомӯшаш кунад.
Охирин шеъри барояш гуфтаро
Хондам аз ҷонам, ки ӯ гӯшаш кунад.
Зеҳн мондам бар саропояш сипас,
Лек дигар он ки медидам, набуд.
Буд аз маҳ як замон мағруртар,
Ин дам аз ман ҳам заминитар намуд.
Рӯю мӯю чашму абрӯяш кунун
Рангу бори дӯшро гум кардаанд.
Пеши ман аз роҳи дури сарнавишт
Гарди ҳасратҳои худ овардаанд.
Кӯчаҳои шаҳрро гаштем мо,
- Шаҳр обод аст, - гуфт ӯ зери лаб.
- Даҳр обод аст, - гуфтам ман, вале Дил хароб аст аз ҳама ин тобу таб!
Дили ойинабанд
Як нафас дар оташи оғӯши ӯ
Дур аз дунёи сардам сӯхтам.
То набинмояд шикоятҳо зи бахт,
Ман лабамро бо лаби ӯ дӯхтам.
Решакан шуд ҳар чанори сабзи шаҳр,
Ки замоне рамзи хосаш будааст.
Бар ҳазорон мисли мо дилдодагон
Соя дода, ки шиносаш будааст.
Гарчи як умрам ба танҳоӣ гузашт,
Шукр аз имрӯз, бо ӯ меравад.
Меравад ӯ, аз пасаш дорам ҳасад,
К-ин дили пурсӯз бо ӯ меравад...
АВВАЛИН МИНБАР
Ба 90-солагии ҳафтаномаи
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
Сафҳаи рози ҷавонон,
Пайки эъҷози ҷавонон.
Сӯйи фардоҳои дигар
Боли парвози ҷавонон.
Дар ту дунёям шавад ҷо,
Шӯру савдоям шавад ҷо.
Рӯзгори навҷавонӣ
Баҳри фардоям шавад ҷо.
Фасли баргу бар ту ҳастӣ,
Дигару беҳтар ту ҳастӣ.
Аввалин ҳарфи диламро
Аввалин минбар ту ҳастӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё