Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

ШИКАН ОИНАРО

Ишқ бо он бебаҳоӣ оқибат
Дар диёри ту чӣ арзон гаштааст.
Мисрае, ки аз дилам берун нашуд,
Рози ноифшои қурбонгашта аст.

Маънии умри ту дар шеъри ман аст,
Лек аз ин сӯю он сӯ кофтӣ.
Номи ман печид дар лабҳои ту,
Чун дурӯғу лофи беҳад бофтӣ.

Кӯдаки афсонаҷӯ будам, ки зуд
Ёфтам афсонаи чашми туро.
Лек бо ман буданат суде надод,
Рав кунун, эй бехуду эй бехудо.

Гар набинӣ аз фалак бахти сафед,
Ёд кун аз мӯйи ҳамчун барфи ман.
Гар хазон гардӣ, шикан ойинаро,
Ёб ҳуснатро зи ҳар як ҳарфи ман...

ҚИССА

Зи ҳар як тори мӯят қисса гуфтам
Ба ҳар як тори борони баҳорӣ.
Туро ҳар лаҳзаи бо ғайр будан,
Маро ҳар як садои дилшуморӣ.

Ману ту дигар он ҷуфте набошем,
Ки дар зери самои шаҳр гардем.
Намеёбем умре якдигарро,
Агарчанде тамоми даҳр гардем.
Бузургмеҳри Тоҷиддин

Ба зери он чанори пир чанде
Ҷавониҳои мо буданд бо ҳам.
Чинори пир мегӯяд ба ҳар ҷуфт,
Ки бо ӯ як замон будем мо ҳам…

Ба ҳам бахшида буд ин шаҳр моро,
Валекин боз аз ҳам дур гардонд.
Замоне зодгоҳи ишқи мо буд,
Вале дигар мазори ишқи мо монд.

Мазору зодгоҳи ишқи моро
Зиёрат кун ба ёди талху ширин.
Ман аз ранги хазони рӯзгорам
Ба ту хоҳам ҳаёти хубу рангин!

ЛАЪЛ

Бишуд ойинаи ҳусни ту чашмонам,
Ту оғӯши маро аз хеш пур кардӣ.
Ба сад тӯфон чу баҳр ором гардидам,
Ҷудо аз хешу аз танҳоию сардӣ.

Ту дунёи маро ранги дигар додӣ,
Ҳаётам низ монанди ту зебо шуд.
Барои шеъри нав илҳом овардӣ,
Ки рӯю чашму абрӯи ту маъно шуд.

Шаби дигар бубахшидӣ барои ман,
Чу ахтарҳо шумурдам бӯсаҳоятро.
Ту аз хоки Бадахшон лаъли яктоӣ,
Бихон аз шеъри ман умре баҳоятро.

Маро то он замоне, ки шабу рӯз аст,
Ту маҳтоби шабу хуршеди рӯзам бош.
Гузар аз моҳу хуршеди фалак, охир,
Маро ту гарм кун, дунёфурӯзам бош...

пешина
аз 39
навбатӣ