Дили Ойинабанд

Бузургмеҳри Тоҷиддин
Шабе, ки охирин дидори мо буд,
Ба ёди аввалин дидор бигзашт.
Ману ӯ аз хатои ҳам бигуфтем,
Шикоятҳо зи ҳад бисёр бигзашт.
“Марав” мегуфт бо чашмони пурмеҳр,
Валекин бо забонаш “хайр” мегуфт.
Садои дил, ҳавои сар дигар буд
Даме ки дар барам бедор мехуфт.
Наям дигар ба чашмаш гавҳари пок,
Гирифторам ба дарду сӯзи виҷдон.
Пас аз ман дар ҳама рӯзу шаби умр
Варо хуршеду маҳ бошад нигаҳбон!
НИШОНИ ҲАСТӢ
Зи ту рафтам, зи бахти хеш рафтам,
Раҳи баргаштанамро вақт гирад.
Гунаҳкорам ба ҳар як қатра ашкат,
Дареғо, тавбаам дар дил бимирад.
Набахшад чашмҳои интизорат
Хатои дургардии маро ҳеч.
Нахонад кас кунун шеъри диламро,
Ки шуд чун сарнавиштат печ дар печ.
Зи чашми интизорам хоб дур аст,
Ки шаб дар ҷойи маҳтобам биёӣ.
Вале дар боварат ҷое надорам,
Ки чун дилҷӯву дилёбам биёӣ.
Шунидам, ки зи ҳар як мисраи ман
Нишони ҳастии худро биҷӯӣ.
Чу дарёбӣ варо, хонӣ батакрор,
Ба оби чашм рӯятро бишӯӣ.
Намози ишқи покатро қазо нест,
Чӣ сон хонам, ки дар вақташ нахондам.
Ба рӯям чашми дунё баста гардид,
Ки дар дунёи чашми ту намондам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё