Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

СУРУДИ САРАЗМ
Ба ифтихори 5500-солагии ин шаҳри бостонӣ

Ганҷинаи бостон Саразм аст,
Мерос зи ростон Саразм аст.

Аз қисмати халқи ориёӣ
Маҷмӯаи достон Саразм аст.

Аз дур, ки меравем то дер,
Як ҳуҷҷати сад замон Саразм аст.

Сарсабз гузашт аз хазонҳо,
Дар соҳили Зарфишон Саразм аст.

Аз нестии гузаштаи мо
Як умр нигоҳбон Саразм аст.

Гар панҷ ҳазор сол дорад,
З-он аст, ки ҷовидон Саразм аст.


Дар зодрӯзи устод ХАЙРАНДЕШ

Ҳар кӣ шуд устод, устодаш туӣ,
Дар раҳи эҷод устодаш туӣ.

Он ки рӯзе гуфт: "Хайрандеш кист?",
Оварам бар ёд, устодаш туӣ.

Аз ду сад шогирд суде гар набуд,
Шукри як Куҳзод, устодаш туӣ.
Дили ойинабанд

Гар зи маҳфил рафт хору хас басе,
Як-ду кас истод, устодаш туӣ.

Маҳфиле дорем аз дил гармтар,
Аз сухан обод, устодаш туӣ.

Хуш бимон, устод, устоди азиз,
Ҳар ки шуд устод, устодаш туӣ...


Шоири яктои ӯ будам, куҷост,
Ошиқи танҳои ӯ будам, куҷост?

Ҳаст имрӯзи варо оё умед,
Бовари фардои ӯ будам, куҷост?

Гарчи дунёе маро дар каф набуд,
Ину он дунёи ӯ будам, куҷост?

Ишқ мерос аст аз Фарҳодҳо,
Бо ҳамин шайдои ӯ будам, куҷост?

Бар сарам гардун гаронтар аз ғам аст,
Хоки поки пои ӯ будам, куҷост?

Рӯ ба рӯи марг бо сад зиндагӣ
Доимо дар ҷои ӯ будам, куҷост?

Аввалин пайдои ман ӯ буд агар,
Охирин пайдои ӯ будам, куҷост?!

пешина
аз 39
навбатӣ