Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба қафояш нигоҳ нокарда
Роҳҳоро аробакаш тай кард,
Ба ҷануб аз шимолу аз машриқ
Ранҷ бурда аробаро ҳай кард.

Кўҳҳо дар қафои сар монданд,
Соҳили рўди Панҷ пеш омад.
Сарҳади Давлати Советиро
Дида сайёҳи мо ба хеш омад.

Дар Саройкамар таваққуф кард,
Кўчае диду хурд бозоре,
Дид дар пешгоҳи ин бозор
Сафи дукончаҳои бисёре.

Мўйлаб зард ордҷаллобе
Ба Ҳасан борҳо наззора намуд,
Сонӣ онро вай аз таги каппон
Бо сарангушти худ ишора намуд.

Ҳасан омад ба пеш сархорон
Гуфт ҷаллоб, ки: «зи хонаи ман
Каш ба бозор ордҳои маро,
Қимати як ман орд шуд даҳ ман!

Зудтар меравем, ки имрўз
Орд камчину ордхар бисёр.
Ҳа нагуфта ба ҷеби ман ояд,
Дахлу харҷи тамоми ин бозор».
Соли сӣ, сию як барои Ватан
Солҳои пур аз хатар буданд,
Душманон ошкору пинҳонӣ
Аз пайи зарбаю зарар буданд.

Тўдаи муфтхор – ҷаллобон,
Ғаллаю донаро ниҳон карданд,
Қаҳтиро намуда олати хеш,
Ҷанг бо давлати ҷавон карданд.

Ба чунин судхори ин бозор
Ҳасани ломакон қарорӣ шуд,
Ордро бор карда болояш
Худи ҷаллоб ҳам саворӣ шуд.

Дузди бозор дар ароба савор
Зери лаб мешумурд суду зиён,
Сўзад имрўз ин хиёнаткор
Боз якчанд хонаи деҳқон.

  • Писарам, айб нест пурсидан, Аз куҷо омадӣ, куҷост сафар?
  • Аз Ҳисор омадам, – ҷавоб гирифт Ҳилагар, кунҷков савдогар.

–Ба гумонам, ки дар Ҳисор, писар,
Кори ту он қадар ривоҷ наёфт…
Дод аз дасти ин замонаи шум,
Бахт аз мою ту кунун рў тофт.

пешина
аз 143
навбатӣ