Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чашм ҳар ҷо, ки мухтасар афтод,
Зиндагонии дигареро дид,
Дар қадамҳои мардуми ин шаҳр
Зиндагардида кишвареро дид.

Воқеан, он чанорҳо чӣ шуданд
Солхўрда чинорҳои баланд?
Чӣ шуд он корвонсаройи Ҳасан,
Аспҳои аробаҳо чӣ шуданд?

Шохҳои чанорҳои баланд
Бо дарахтони сабз ҳамранганд,
Аз ғубори хазон халос шуда,
Дур аз рўзгори пурнанганд.

Метавонанд, ки фақат бошанд
Шоҳиди рўзгори тираву тор,
Метавонанд, ки ҳикоя кунанд
Саргузашти ману туро бисёр.

Монда як аспу як ароба ҳанўз
Дар таги ин чанорҳо боқӣ,
Менамояд ба чашми мардуми шаҳр
Чун нишон аз ҳаёти қашшоқӣ.

Буд бо изтироб аз кўча
Дар гузар ин замон Иван Кузмич,
Мегузашт аз таги чанори пир
Доктори меҳрбон Иван Кузмич.
Ҳасан онро чу дид, шуд хурсанд,
Аз қафояш давиду кард садо,
Мезад он вақти тохтан бо кифт,
Эътиное накарда мардумро.

– Ман шуморо шинохтам, доктор,
Роҳи Тирмизро ба ёд оред.
Ман надорам дареғ хизмати худ
Аз шумо, дўст, майл агар доред.

– Сарфарозам ба илтифотат, лек…
Бо ароба пас аз сафар кардан
Дар дилам борҳо қасам хўрда
Гўши худро кашида будам ман.

Додарам, давраи ароба гузашт,
Қадами сангпушт лозим нест.
Ҷуз машина, азизи ман, худ гўй,
Кор осонкунанда дигар чист?

Ба Ҳасан ин ҷавоб сангин буд,
Шуд ба болои сўхта намакоб!
Ба қафо гашт сархаму музтар,
Ғами онро набуд ҳадду ҳисоб.

Рафт дар кунҷи чойхона нишаст,
Ба замин хат кашид бо чўбе,
Ҳамдаме ку, ки дарди дил гўяд,
Ку ягон маслиҳатгари хубе?

пешина
аз 143
навбатӣ