Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

V

Баромад байрақи заррини хуршед
Ба рўйи қуллаҳои субҳи уммед.
Нидо карда ба меҳнат мардумонро,
Талабгорони бахти ҷовидонро.
Ҳаёти шаҳру деҳ дар ҷўш омад,
Садои
Кўш, ҷўра,
Кўш!
омад.
Сўйи саҳро назар андохтам ман,
Дили худро ба саҳро бохтам ман.
Назар андохтам, то сер бинам,
Рухи он мардуми чун шер бинам;
Рухи марду занони пилтанро,
Ҳунармандони саҳрову чаманро.
Занад то ин ки хирмани пахта чун кўҳ,
Барорад ғалла сар анбўҳ-анбўҳ,
Анору себ то шаҳдоб гарданд,
Тамоми меваҳо сероб гарданд,
Замину обдорони хушиқбол
Хурўҷи паҳлавонӣ карда дунбол.
Ба саҳро духтарони чашмоҳу
Ҷавонмардони хандонрўю хушгў
Ба ҳамдигар гаҳе бо ҳар баҳона
Ҳамегуфтанд байти ошиқона.
Равон мешуд ба Қодир гоҳ-гоҳе
Нигоҳи гўшаи чашми сиёҳе.
Дар ин ҳангом пире ларз-ларзон
Ба сўйи халқ меомад парешон.
Ба оташ ҳамчу испанди фитода,
Чу пўлоди дар оташ тобдода,
– Ватан! – мегуфту сар то пой месўхт,
Ватанро бо муҳаббат чашм медўхт.

пешина
аз 143
навбатӣ