Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Арўс аз шарм дида бар замин дўхт,
Рухаш монанди оташпора афрўхт.
Ҷавобаш дод: – Қодирҷон, чӣ гўям,
Ба ҷуз хурсандият чизе наҷўям.
Гирифта ёрро Қодир дар оғўш,
Ҷаҳонро кард аз шодӣ фаромўш.
Гумон мебурд, ки дар рўйи олам
Саодатноктар з-ў нест одам.
Гумон мебурд, ки моҳу ситора
Ба ў доранд бо ҳайрат назора.
Гумон мебурд, ки ёрони дилҷў
Муборакбод гўяндаш зи ҳар сў.
Падарро бо лаби пурханда медид,
Рақибонро ҳама шарманда медид.
IV
Ҷавон аз кўчаи қишлоқ мерафт,
Гуселонида ҷуфташ тоқ мерафт.
Қадам мезад ба қишлоқе, ки онро
Чу модар дўст медорад ба дунё.
Дар он ҷо ёфт аз модар таваллуд,
Дар он ҷо соҳиби ақлу хирад шуд.
Дар он ҷо дид лутфи модарона,
Ҳаёти пурхурўши наврасона.
Дар он ҷо дарс хонду илм омўхт,
Дар он ҷо решаҳои ҷаҳлро сўхт.
Дар он ҷо сарф ҳар гуна ҳунар кард,
Намуди деҳаи худро дигар кард.
Дар он ҷо боғи нав, гулзори нав сохт,
Биноҳои баланду равшан андохт.
Чунин бо ҳисси фахри фотеҳона
Қадам мемонд Қодир сўйи хона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё