Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Мекунӣ бо рангу бори хеш пок,
Мўзаҳои бахтдуздонро зи хок.
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ
Кўдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҳайфам ояд, ки ту дар ин синну сол
Мондаӣ бебаҳра аз фазлу камол.
Дузди бахти халқҳо минбаъд боз
Пойи худро сўйи ту созад дароз.
Хоки пояшро набояд пок кард,
Пок аз он бояд, ки акнун хок кард!
1948
ТОҶМАҲАЛ
Дар лаби рўди Ҷамна дидам ман
Қасри монанди моҳ нурафкан.
Ёдгори қадим – мақбарае,
Пурҳашам, дилпазир манзарае.
Ҳар касе, ки ба ў назар андохт,
Соате чашми худ мунаввар сохт.
Дасти инсон ба бурҷи ин кишвар
Машъал афрўхтааст аз мармар.
Ба гумонам, ки осмон шуда паст,
Бар замин ё маҳи фалак биншаст,
Ё самову замин тагурў шуд,
Моҳ ду паллаи тарозу шуд,
Ё дар ин мулк халқи бечора
Рух кунад равшан аз ду маҳпора,
Ё магар Агра1 – шаҳри вайрона
Гашта бо моҳи пурра ҳамхона,
Ё дили шаҳр солҳои дароз
Сўзад аз дасти нозанин Мумтоз2
Ё ки аз «ишқу меҳри» Шоҳиҷаҳон3
Шуълае монда ҳанўз нишон.
Рост гўям, на ину на он аст,
Ҳама осори дасти инсон аст.
Халқ афрўхт аз ҳунар машъал,
Номи онро гузошт Тоҷмаҳал.
Аз лаби Ҷамна бар ту ин матлаб
Ба канори васеи баҳри Араб.
Рав, ҳикоят намой аз Бамбай,
Аз пурошўб кўчаҳои вай.
1 . Агра – шаҳрест, ки дар он мақбараи Тоҷмаҳал воқеъ шудааст.
2. Мумтоз – зани бемаҳал вафоткардаи Шоҳи ҷаҳон. Тоҷмаҳалро шоҳ ба хотири ў созондааст, ки қабри Мумтоз дар он ҷост.
3. Шоҳиҷаҳон – шоҳи сулолаи Темуриёни Ҳинд (қарни XYII)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё