Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳраҳо аз рўзгори пурумед,
Аз шукуфтанҳои иқболи сафед.
Дар диёри аъзами пуршони ман
Эҳ, чӣ хушбахтанд фарзандони ман!
Мешавад ояндаи онҳо аён
Пеши чашми ман чу дунёи калон!
Бахти ту дар ин диёри бепаноҳ
Худ сияҳ буд, боз бадтар шуд сиёҳ.
Дар хиёбон улфати ғам мешавӣ,
Пеши пойи нокасон хам мешавӣ.
Мекунӣ бо рангу бори хеш пок,
Мўзаҳои бахтдуздонро зи хок.
Аннаеро чун худоӣ медиҳанд,
Назр гўё бар гадое медиҳанд.
Хонадонеро ту бо ин аннаҳо
Менамоӣ «сер» гўё доимо.
Ҳам падар, ҳам модари бекори ту
Чашм баста дар раҳи бозори ту.
Мисли ту сайёҳи хурди номурод,
Дар ҷавонӣ ман надидам рўзи шод.
Мешунидам аз падар шабҳои тор
Мисли ту афсонаҳои бешумор.
Ў ба ман мегуфт: –«Дар самти ҷануб
Кишваре бисёр зебоясту хуб.
Сурати он мамлакат дигар бувад,
Обҳояш нуқра, хокаш зар бувад.
Пасттар ҳар сол гардад офтоб,
Як қади найза ба рўйи хоку об»
Ман кунун аз мулки хуррам омадам,
Чун вакили халқи аъзам омадам.
Омадам, дидам туро бо чашми худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.
Медавӣ, бо чашми пурнам медавӣ,
Пеши пойи нокасон хам мешавӣ.

пешина
аз 143
навбатӣ