Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,
Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ?
Мекунӣ пур доманат аз чормағз,
Аз бананҳою апелсинҳои нағз?
Меравад дар ҷўйҳояш ҷойи об
Дар тамоми фаслҳо ширу шароб?
Балки овардӣ ту ҳангоми сафар
Ҷаннати афсонавиро дар назар?
Хостӣ ё аз ҷаҳонгардон шавӣ –
Навҷавон сайёҳи Ҳиндустон шавӣ?»
Ин замин кардаст аз даври куҳан
Фикри оламро асири хештан.
Дар фироқи он Сикандар шуд кабоб,
Бобуру Темурҳо хоку туроб.
Кард Да Гама ба рўйи баҳрҳо,
Чун ҳубоби хонабардўше шино.
Лордҳои англисӣ дер боз
Рафтуо доранд монанди «мизоҷ».
Хуб медонам, ки сўйи ин диёр
Н-омадӣ монанди қавми судхор.
Н-омадӣ, то ки ҷаҳонгирӣ кунӣ,
Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ!
Н-омадӣ, то хуни ҳиндуро хўрӣ,
Бахти бад орию нафъи сад барӣ.
Омадӣ, ёбӣ ту нони хешро,
Зинда дорӣ хурд ҷони хешро,
Гушнагӣ партофтат бе хайру хуш,
Дар паси кўҳи баланди Ҳиндукуш.
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,
Кўдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Баччагон бояд, ки дар ин синну сол
Баҳраҳо гиранд аз фазлу камол;
Баҳраҳо аз давлати умри ҷавон,
Аз навозишҳои хандон модарон;

пешина
аз 143
навбатӣ