Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар кадомин соҳили дарё бувад?
Гўямат, ки дар дили ман ҷо бувад!
Гар ту пурсӣ: роҳ чандинрўза аст?
Ин гапи дирўза ё имрўза аст?
Гўямат, ки роҳ наздик асту бин
Дидаамро бо ду чашми тезбин.
Чашми ман гўё, ки меҷўяд мудом
Сояи он дўстонро субҳу шом.
Номи онҳо аз дилам ояд ба лаб
Ҳам ба бедорию ҳам дар хоби шаб.
Мешавад шаҳре, ки дидам ҷилвагар
Дар назар чун сўхта рўйи қамар.
Дар фазо мегардад аммо ин садо:
«Мешавем озод монанди шумо!
Доимо овар ба ёдат рўйи мо,
Чашми уммедат макан аз сўйи мо!»
1948
САЙЁҲИ ҲИНД

Ба ту, хонандаи азиз, аз нав
Менамоям муроҷиат, бишнав.
Бо хаёли диёри Ҳиндустон
Ҳиндуи номуроди рўйи ҷаҳон,
Кишвари мардуми ҷигарпора,
Халқи бехонумони бечора,
Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам,
Қиссаи хешро давом кунам.

Кўдаке мегашт бо қуттии худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.
Метавонистӣ, ки дар чашмони ў
Пай барӣ аз мақсади пинҳони ў.
Медавид он ҳар тараф бо ҷустуҷў,
Сўйи ҳар як раҳгузар оварда рў.
Огаҳӣ медод симои писар,
К-омадаст ин ҷо вай аз мулки дигар.
Ў нарезондаст хуни нофи худ
Дар ҳамин шаҳри лаби баҳри кабуд.
Гашт маълумам, ки афғонбаччаест,
Содаю гумроҳу нодон баччаест.
Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст,
Меҳмон аз мулки афғон омадаст.
Гуфтам: – «Эй сайёҳи ҳинди кобулӣ,
Кўдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҷисми хурдатро ба пушти Ҳиндукуш
Кӣ ҳаво дод, аз чӣ мегардӣ хамўш?
Ё туро бахти сиёҳат рондааст?
Боди афғонӣ магар паррондааст?
Баҳри чӣ кардӣ, ту, эй наврасписар
Аз сари кўҳи Сулаймонӣ гузар?
Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон
Ризқи инсон аст чун оби равон?

пешина
аз 143
навбатӣ