Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нест дар мулки шумоён золиме,
Не фақиру не гадо, не ҳокиме.
Соҳиби зебоватан гардидаед,
Ҳокими боғу чаман гардидаед».
Гуфтию бурдӣ дами худро фурў…
То даме ки бо ту будам рў ба рў.
Шуд вазон боди фараҳноки баҳор,
Як умеди нав ба дилҳо кард кор.
Дар лабони хушку бенам шуд падид
Ғуссаи садсолаи касношунид.
Дар бари рухсора аз чашмони тар
Рехт мисли жола хуноби ҷигар.
Дар фазои тира овози ҷаҳон
Рафт то авҷи Сурайё барқсон:
«Мо ба монанди шумо хоҳем шуд,
Дур аз ҷавру ҷафо хоҳем шуд!»
Паҳн шуд дар кишвари андўҳгин
Аз дили пурҷўш овозе чунин:
«Доимо овар ба ёдат рўйи мо,
Чашми уммедат макан аз сўйи мо,
Мешавад рўзе, ки аз зери саҳоб,
Аз пайи шаб мебарояд офтоб!»
Мурғи пўлодини мо пар боз кард,
Корвони турнаҳо парвоз кард,
То барад моро ба оғўши Ватан –
Дар ҷаҳон ноёб мулки хештан.
Дўстон монданд дар аэродром
Бо дуруди дўстию эҳтиром.
Дурам, аммо ёди ёрон мекунам,
Ёди он чашмони гирён мекунам.
Мекунам ёди дили садрешро,
Мефиристам ман суруди хешро…
Гар ту пурсӣ: дар куҷо ин кишвар аст?
Дар кадомин нуктаҳои меҳвар аст?

пешина
аз 143
навбатӣ