Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо шудем аз ҳашт боғи як чаман –
Ҳашт республикаю аз як ватан,
Меҳмони кишваре, ки халқи он
Умрҳо аз бахт меҷўяд нишон.
Меҳрубон будем мо бо якдигар
Мисли фарзандони як модар, падар.
Мо ҳама гуфтем дар чандин забон:
«Меравем акнун ба сўйи хонамон!»
«Дўст» гуфтам, чун бидидам, ки шумо
Дида бикшодед ғамгинтар ба мо…
Хубтар кардам нигаҳ ман сўйи дўст,
То барам бо худ нишон аз рўйи дўст:
Сўйи он рухсору чашмони сиёҳ
Бо муҳаббат менамудам ман нигоҳ.
Дида дидам, чун чароғи мурдае,
Рўй дидам, чун гули пажмурдае.
Гуфтам: аз чӣ боғатон тороҷ шуд?
Ё ки марвориди рўйи тоҷ шуд?!
Халқи онро кӣ чунин хораш намуд?
Дар парешонӣ кӣ водораш намуд?
Ҷустуҷў кун боғбонро, зуд ёб,
То назар созад ба ин боғи хароб,
То дарахти хушкро аз бун канад,
Пистаҳои пучро дур афканад.
То бирўёнад дарахти дигаре,
Шохи нав рўёнаду барги таре.
Чун бигуфтам: «дўст», ту гуфтӣ ба ман:
«Нест қиматтар ба дунё з-ин сухан.
Кай шавад рўзе, ки пайвандем мо?
Шодмон мисли шумо хандем мо?
Кай шавад рўзе, ки дар чандин забон
Мо ҳам орем аз дилу ҷон «хонамон?!»
Узви як хона чаро мо нестем?
Аз чӣ ҳоло бо шумо мо нестем?

пешина
аз 143
навбатӣ