Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Бин, ки ғоратгарон ба макру фиреб
Шуда меҳмони Бамбай аз Мағриб.
Сохта дар канори баҳри кабуд
Меҳмонхонае ба майли худ.
Номи онро ниҳода Тоҷмаҳал,
«Мекунад он ҳаёти ҳинду ҳал».
Бамбайи беқарори пурғавғо
З-ў иваз шуд ба маркази савдо.
Маркази дахлу фитнаҷўйӣ шуд,
Ҳар кафандузду мурдашўе шуд.
Байни савдогарони вискинўш
Меравад рўзу шаб хариду фурўш.
На фақат мондаанд дар савдо
Буду нобуди халқи ҳиндуро
Наякӣ карда шираи норанҷ
Ҷустуҷў мекунанд симу ганҷ.
Ғарбию осиёии судхўр,
Ҳар ду бардошта сар аз як гўр.
Як тараф қадбаланд америкоӣ
Истода чу турки яғмоӣ,
Як тараф англиси бадбунёд
Мекунад фитнаҳои нав эҷод.
Чанд аз ҳиндувони оқипадар,
Зархаридони қувваи доллар,
Дар миён чун ғуломи ҳалқабагўш
Монда шаъни диёри худ ба фурўш.
Монда ҳам хуну ҷони ҳиндуро,
Ҳам сафед устухони ҳиндуро.
Дар канори васеи баҳри кабуд,
Шаҳри Бамбай ситода нохушнуд
Меҳмонхона ё ки «Тоҷмаҳал»
«Менамояд ҳаёти ҳинду ҳал».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё